Файзобод оби ширин дорад

Деҳаи Файзобод дар ҷамоати Гулистон-и ноҳияи Восеъ ҷойгир аст. Ба қарибӣ аз ин деҳа дидан кардем. Дар фасли баҳор деҳа хело зебо шудааст, ҳама ҷой сабзу хуррам вале дар нисбати сафарҳои пешин ҳоло дар ин деҳа одамон камтар ба чашм мерасанд. Агар  чанд моҳ пеш ба ин деҳа меомадед, ҳатман дар кӯчаҳо занон ва ё наврасонро медидед, ки бо ароба сатил ва дигар зарфҳои пласмассӣ об кашонида истодаанд. Ҳоло бошад, лаби канале, ки аз деҳа мегузарад, холӣ аст, маълум, ки ба хонаҳои  ин деҳа низ  лоиҳаи “Рушди  инфраструктураи маҳаллӣ (коммуналӣ) дар  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории Бонки Ҷаҳонӣ  об гузаронидааст.

Нохост чашмам ба дарвозае афтод, ки кушода буд ва зане  ба фикрам куҷое сафар дошт. Бо ин дарвоза наздик шуда, бо ин зан салом дода, худро муариффӣ намудам ва инчунин мақсади омаданамро низ иброз доштам. Зан низ хело меҳрубонона маро ба хонааш таклиф кард:

-Марҳамат меҳмон гузаред, болои кӯрпача шинед. Ман Холова Бибихол момодояи ҳамин деҳа ҳастам. Дар деҳа чанд зани ҳомиладор аст, аз аҳволи онҳо хабар гирифтанӣ будам. Ҳеҷ гап не, бо шумо сӯҳбат мекунам, баъд боҳузур рафта онҳоро мебинам.

-Апаҷон , дар ҳавлиатон лӯлаи об гузарониданд, ба фикрам корҳоятон хело сабук шуд.

– Э напурс хоҳарҷон, ҷонамон дар роҳат аст. Ман дар ҳамин деҳа ба воя расидаам. Аз синни хурдсолӣ бо модараму хоҳаронам корамон обкашонӣ буд, дар деҳот асосан обро занону духтарон ва баъзан  писарон тавассути ароба ва ё хар мекашонанд. Тақдиру қисмат ҳамин будааст, ки дар ҳамин деҳа боз ба шавҳар баромадам. Акнун ҳам кор мекардам, ҳам кори хона ва ҳам об мекашонидам. Вақте ки кӯдаконам хурд буд, хело азоб мекашидам, онҳо калонтар, ки шуданд, дар кашонидани об ёрдамам медоданд.

Шавҳарам низ раҳми мо занону духтаронро хӯрда аз рӯи имкон об мехарид.  Як мошин об, ки 5-6 тонна аст ,160 сомонӣ нарх дорад ва на ҳар оила бо ин маблағ об харида метавонад, боз мо ароба низ дорем. Аммо бо вуҷуди ҳамаи ин набудани об дар хона барои занон мушкилиҳои зиёдеро эҷод мекунад. Пеш аз ҳама ба тозагии хона сад дар сад риоя карда наметавонӣ, ҳамаи кори хонаро бо истифода аз оби хунук ба анҷом мерасонӣ. Хулоса азобамон зиёд буд.

-Шумо момодояи деҳа ҳастед, набудани об, бахусус кашонидани он  ба занон чӣ таъсир мерасонид?

– Ман дар боло гуфтам, ку на ҳама оилаҳо имкони харидани обро доранд,  қисме аз онҳо ҳатто дар хонаашон ароба ҳам надоранд. Акнун тасаввур кунед, ки занону духтарон ҳар рӯз то 500 метр ва аз ин ҳам зиёд бо зарфҳои 15 – 20 литра дастӣ об мекашонанд.  Аз рӯи вазифаам ман ҳамаи занони деҳаҳоро хуб мешиносам ва онҳо дар бораи ҳамаи проблемаҳояшон бо ман дар сӯҳбат мешаванд. Аз обкашонӣ қариб ҳамаашон миёндарду гурдадард  шудаанд. Дар давраи ҳомиладорӣ низ бечораҳо об мекашониданд. Ҳатто ҳолатҳои пеш аз мӯҳлат таваллуд кардани занон низ ба қайд гирифта шудааст.  Аз беобӣ на танҳо ҷони занон дар азоб буд, балки духтарону писарбачаҳо низ корашон рӯзи дароз обкашонӣ буд, ки ин ҳам ба таҳсил ва ҳам ба саломатиашон зарар мерасонид. Шумо вақте ки ба деҳа омадед, ифлосии лаби канали деҳаро дидед?

– Бале, дидам барои чӣ?

Нохост чашмам ба дарвозае афтод, ки кушода буд ва зане  ба фикрам куҷое сафар дошт. Бо ин дарвоза наздик шуда, бо ин зан салом дода, худро муариффӣ намудам ва инчунин мақсади омаданамро низ иброз доштам. Зан низ хело меҳрубонона маро ба хонааш таклиф кард:

-Марҳамат меҳмон гузаред, болои кӯрпача шинед. Ман Холова Бибихол момодояи ҳамин деҳа ҳастам. Дар деҳа чанд зани ҳомиладор аст, аз аҳволи онҳо хабар гирифтанӣ будам. Ҳеҷ гап не, бо шумо сӯҳбат мекунам, баъд боҳузур рафта онҳоро мебинам.

-Апаҷон , дар ҳавлиатон лӯлаи об гузарониданд, ба фикрам корҳоятон хело сабук шуд.

– Э напурс хоҳарҷон, ҷонамон дар роҳат аст. Ман дар ҳамин деҳа ба воя расидаам. Аз синни хурдсолӣ бо модараму хоҳаронам корамон обкашонӣ буд, дар деҳот асосан обро занону духтарон ва баъзан  писарон тавассути ароба ва ё хар мекашонанд. Тақдиру қисмат ҳамин будааст, ки дар ҳамин деҳа боз ба шавҳар баромадам. Акнун ҳам кор мекардам, ҳам кори хона ва ҳам об мекашонидам. Вақте ки кӯдаконам хурд буд, хело азоб мекашидам, онҳо калонтар, ки шуданд, дар кашонидани об ёрдамам медоданд.

– Барои он , ки маҳз нӯшидани ана ҳамин оби канал боиси сар задани як қатор бемориҳо аз қабили диарея, гулӯдард, дамиши шикам, бахусус зардпарвин дар деҳа буд. Ҳарчанд дар байни мардум корҳои фаҳмонидадиҳии зиёд мебарем, бо вуҷуди ин ҳастанд нафароне, ки дар лаби канал уребчаи кӯдакон, порӯ ва дигар партовҳои ба саломатии инсон зарароварро мепартоянд. Дар вақти боронгариҳо об баланд шуда, ҳамаи партовҳо ба канал мерезанд. Тобистони деҳа хело гарм аст, кӯдакон ҳамеша аз оби канал менӯшанд, зиёдтар онҳо бемор мешаванд.

Ман ба апаи Бибихол хайрухуш намуда, рӯи ҳавлӣ баромадам. Ӯ аз лӯлаи обе, ки дар ҳавлиаш гузаронида шуда буд, пиёлаи оберо дарозам кард:

  • Ин оби Чилла аст, нӯшед, бинед чӣ қадар бомазза аст, гӯё оби чашма бошад. Нохост чашмам ба зарфи калони обгирӣ ва чоҳи сементии кунҷи ҳавлӣ афтид, ки онҳо аз гӯшаи бом бо оби борон пур карда мешуданд:
  • Шумо ҳоло ҳам чоҳу ин зарфи обгириро истифода мебаред?
  • Не, лекин росташро гӯям ҳоло ҳам боварӣ надорам, ки дар ҳавлиам об ҳаст. Хаёлам, ки ҳамаи ин афсона аст, охир ман таги шаст рафтаам, боре ҳам мо соҳиби об набудем, имрӯз боварии кас намеояд, ки мо дар даруни ҳавлиамон, ошхонаю ҳаммомамон оби тоза дорем, магар ин афсона нест?

Аз ҳавлии апаи  Бибихол баромадам, зери лаб бо худ мегуфтам. Чӣ кори савобест барои мардум об додан, ин зан бо вуҷуди чанд моҳ боз соҳиби оби ошомиданӣ  шуданаш то ҳол ба ин бовар надорад, ки имрӯз ӯ чӣ қадаре, ки хоҳад обро истифода мебарад ва аз ҳама асосӣ ин об барои саломатии аҳли байташ хатаре эҷод намекунад.