Бо дастгирии Бонки Ҷаҳонӣ дар ноҳияи Восеъ дар ҷануби Тоҷикистон як шабакаи нави обтаъминкунӣ ба истифода дода шуд, ки 11,875 сокинони 3 деҳаро ба хадамоти обтаъминкунандаи бехатар пайваст мекунад. Ифтитоҳи иншооти «Ҷавонӣ » бо ташрифи Директори минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ оид ба рушди устувор дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ Анны Бьерде баргузор гашт.
Бо дастгирии Бонки Ҷаҳонӣ дар ноҳияи Восеъ дар
ҷануби Тоҷикистон як шабакаи нави обтаъминкунӣ ба истифода дода шуд, ки 40 000 сокини
14 деҳаи деҳотро ба хадамоти обтаъминкунандаи бехатар пайваст мекунад.
Вақте ки лӯлаи об то хона гузаронида мешавад, хона тозаю озода шуда, кори занон низ сабук мегардад. Аз ин рӯ пардохти саривақтии хизматрасонӣ барои об шарт ва зарур аст!
Барои кашонидан ва
ҷамъоварии об занон ҳамарӯза аз 1 то 2 соат вақти худро сарф мекунанд. Дар
ҷаҳон дар 72% оилаҳо занон ва духтарон об мекашонанд. Эҳтимоли он аст, ки
духтарон ҳамчун интиқолдиҳандаандагони об
нисбати писарон ду маротиба зиёдтаранд.
Яке аз ҷузъҳои муҳими рӯзномаи
ҷаҳонии марбут ба гендер имрӯз об аст, ки мувофиқи ҳуҷҷати натиҷавии Конфронси
Рио + 20 дар расидан ба Ҳадафҳои Рушди
Устувор нақши калидӣ дорад.
Имрӯз, масъалаҳои асосии гендерии марбут ба об, пеш аз
ҳама, таъсири беҳтар гардидани дастрасӣ ба оби нӯшокӣ , ҳалли мушкилоти марбут
ба санитария ва гигиена, коҳиш додани масъулияти хонаводаи занон мебошанд.
“Лоиҳаи рушди инфраструктураи маҳаллӣ ”
Асоси зиндагии хамаи мавчудоти олам об мебошад. Тоза нигох доштани об ва муқаддас шумурдани он, кимат донистани ҳар катраи ин мӯъчизаи бузург қарзи хар як инсони асил аст, зеро об на танхо ҳамчун манбаи ободӣ, балки маъхази нуру рӯшноӣ ва маҳсули шодихои олами ҳастист.
Об моли табиат аст, вале обрасонӣ хизмат аст!
Аз ин рӯ ҳар як қатраи онро беҳуда масраф накунед!
Сарфаи об – сарфаи буҷаи оила аст.
Об ин неъмати Худованд аст, онро оқилона истифода баред
Ҳамеша баъд аз истифода бурдан, қубури обро маҳкам кунед, то он беҳуда ҷорӣ нашавад!
Шӯстани дастҳо кафолати солимӣ
Аз маълумотҳои омории Созмони ҷаҳонии тандурӯстии ҷаҳонӣ бармеояд, ки дар ҷаҳон аз панҷ нафар танҳо як нафар баъд аз ҳоҷатхона дастҳои худро мешӯяд. Ин Созмон огоҳ мекунад, ки пеш аз хӯрокхӯрӣ ва баъд аз қазои ҳоҷат шӯстани дастҳо 40% бемориҳои диарея ва илтиҳоби шушро (пневмания) паст мекунад.