Маркази идораи Лоиҳаи рушди инфраструктураи маҳаллӣ (коммуналӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами №408 аз 1 октябри соли 2004 таъсис дода шудааст.

 МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ ЛОИҲАИ “ОБТАЪМИНКУНӢ ВА БЕҲДОШТ ДАР ДЕҲОТ”

– Беҳтар намудани ҳолати обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар ноҳияҳои Кушониён (Бохтар), Вахш, Ҷ.Балхӣ, Левакант (Сарбанд), Дӯстӣ, Ҷайҳун ва Восеъ;

– Ҷорӣ намудани Системаи идоракунии таъсиррасонӣ ва пешгирии хавфҳои иҷтимоиву экологӣ (СУСЭРВ);

– Сохтмони инфрастуктураи (иншоотҳо) устувори обтаъминкунӣ ва беҳдошт;

– Татбиқи тадбирҳои ташвиқотиву таблиғотӣ бо мақсади тағйир додани рафтори ҷомеъа;

– Ҳамоҳангсозии фаъолияти шӯроҳои гуногун ва кумитаҳои машваратӣ дар сатҳи ноҳия ва ҷамоат дар соҳаи обтаъминкунӣ ва беҳдошт.

 ҚИСМАТҲОИ ЛОИҲА

  1. Сармоягузорӣ дар сохтмон, барқарорсозии инфраструктураи об ҷиҳати беҳтар намудани таъминоти об, беҳдошт ва гигиенаи аҳолӣ, аз ҷумла дар беш аз 200 муассисаҳои иҷтимоии ноҳияҳо (51 миллион доллари ИМА);
  2. Тақвияти ниҳодҳои институтсионалӣ ва соҳавӣ (5 миллион доллари ИМА);
  3. Дастгирии идоракунии  лоиҳаҳо  ва  татбиқи  он (2 миллион доллари ИМА).

 МУШКИЛИҲО ДАР НОҲИЯҲОИ ИНТИХОБШУДА

  • Инфрасохтори фарсудаву кӯҳна;
  • Идоракунии ғайрисамараноки корхонаҳои обтаъминкунӣ;
  • Хароҷоти баланди истифодабарӣ ва нигоҳдории инфрасохтор;
  • Саркашии қисмати аҳолӣ аз пардохти ҳаққи об;
  • Нокифоя будани иншооти беҳдошти санитарӣ;
  • Пардохтҳои ҳатмии гарон;
  • Сифати пасти хизматрасонӣ;
  • Сатҳи баланди бемориҳои сироятии аҳолӣ;
  • Ҷамъоварии нокифояи маблағ;
  • Набудани сармоягузорӣ;
  • Коҳишёбии вазъи иқлим ва хок.

 МУНОСИБАТ БО ҶОНИБҲОИ МАНФИАТДОР

Машварат бо ҷонибҳо оиди иштироки фаъол дар амалисозии лоиҳа;

Ошкор намудани маълумоти зарурӣ;

Баргузор намудани машваратҳо барои дастрас намудани иттилоот аз аҳолӣ ва сохторҳои гуногун;

Ҳамоҳангсозии фаъолият ва иштирок дар татбиқи ҷузъҳои он.

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи МИЛРИМ