ДАРХОСТ БАРОИ ИЗҲОРИ ҲАВАСМАНДӢ (ХИЗМАТРАСОНИИ МАШВАРАТӢ – ИНТИХОБИ ШИРКАТҲО)

ДАРХОСТ БАРОИ ИЗҲОРИ ҲАВАСМАНДӢ

(ХИЗМАТРАСОНИИ МАШВАРАТӢ – ИНТИХОБИ ШИРКАТҲО)

Мамлакат: Ҷумҳурии Тоҷикистон

Номи лоиҳа: Лоиҳаи обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот ( ЛОБД )

Грант №: D4310-TJ

Мавзӯи вазифа: Мусоидат дар баргузории чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа, сафарбаркунии иҷтимоӣ, тағйир додани рафтор ва иртибот дар ноҳияҳои Вилояти Хатлон.

Рақами истинод (Тибқи Нақшаи харид): WSIP-CS-PMU/003.

Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рӯйпуш намудани хароҷоти Лоиҳаи “Обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот” аз бонки Ҷаҳонӣ маблағ дарёфт намуда, мехоҳад қисмате аз ин маблағро барои хизматрасониҳои машваратӣ, ки барои мусоидат дар баргузории чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа, сафарбаркунии иҷтимоӣ, тағйир додани рафтор ва муносибат дар ноҳияҳои Вилояти Хатлон равона шудааст, истифода барад.

Хизматрасониҳои машваратӣ (“Хизматрасониҳо”) мусоидат дар баргузории чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа, сафарбаркунии иҷтимоӣ, тағйир додани рафтор ва муносибат дар ноҳияҳои Вилояти Хатлонро дар бар мегиранд.

Санаи тахминии Оғози Хизматрасонӣ октябри соли 2025 мебошад ва давомнокии тахминии Хизматрасонӣ тақрибан 26 моҳро ташкил медиҳад.

Мушаххасоти муфассали техникиро (МТ) барои иҷрои супориши мазкур дар истиноди зерин:

https://drive.google.com/file/d/1cxh9EX8dpDUtlbz4VVb-wxk8IspN1PWJ/view?usp=sharing

аз суроғаи дар охири МТ-и мазкур нишондодашуда пайдо кардан мумкин аст.

Маркази идораи лоиҳаи рушди инфрасохтори маҳаллӣ (коммуналӣ) ( МИЛ РИМ ) айни замон ширкатҳои машваратии дахлдорро (мушовиронро) барои изҳори ҳавасмандӣ ба пешниҳоди хизматрасониҳо, даъват мекунад. Машваратчиёни ҳавасманд бояд маълумотеро пешниҳод кунанд, ки онҳо дорои тахассуси зарурӣ ва таҷрибаи мувофиқ барои пешниҳоди хизматрасониҳо мебошанд.

Меъёрҳои интихоб:

  1. Таҷрибаи тасдиқшудаи татбиқи чорабиниҳои сафарбаркунии иҷтимоӣ ва маориф дар соҳаҳои тандурустӣ ва/ё обтаъминкунӣ, санитария ва гигиена, ки дар он ҳадди аққал ду лоиҳаи шартномавӣ, ки онҳо панҷ соли охир дар кишварҳои Осиёи Марказӣ амалӣ гардидаанд, нишон дода шудааст;
  2. Доштани таҷрибаи густурда дар соҳаи муомилот, баланд бардоштани иқтидор ва сафарбаркунии ҷомеа, инчунин таҷриба дар истифодаи воситаҳои ТИРМ барои таъсир расонидан ба тафаккур ва рафтори аҳолии мавриди ҳадаф қарор гирифтаи деҳоти кишвар, ки бояд аз таҷриба дар на камтар аз 2 қарордод оид ба баргузории маъракаҳо оид ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа ва чорабиниҳо дар самти баргузории чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа оид ба масъалаҳои ОБГ дар на камтар аз 20 деҳаи кишвар иборат бошад (аз ҷумла истинодҳо ба лоиҳаҳо, сомонаҳо, агар дастрас бошад, намунаҳои маводи иртиботӣ, таърихи натиҷаҳо) ;
  3. Таҷрибаи тасдиқшуда оид ба гузаронидани маъракаҳои тағйири рафтор дар мактабҳо ва пешниҳоди баргузории чорабиниҳои беруназсинфӣ барои хонандагон, ки ҳадди аққал дар доираи як лоиҳа панҷ соли охир 10 мактабро фаро гирифта бошад.
  4. Машваратчӣ бояд нақшаи муфассали ташкилиро пешниҳод кунад, ки қобилияти идоракунӣ ва ташкилиро барои иҷрои супориш нишон медиҳад. (Мушовир бояд нусхаи шаҳодатномаи бақайдгирии аз ҷониби мақомоти дахлдори кишвари таъсис додашударо пешниҳод кунад).

Коршиносони асосӣ дар марҳилаи интихоб арзёбӣ намешаванд.

Таваҷҷуҳи мушовирони ҳавасманд ба бандҳои 3.14, 3.16 ва 3.17 ҚИСМИ III “Қоидаҳои харид барои қарзгирандагони СЛБ”-и бонки Ҷаҳонӣ аз моҳи июли соли 2016, ки моҳи сентябри соли 2023 аз нав дида баромада шуданд (Қоидаҳои харид), ки дар онҳо сиёсати бонки Ҷаҳонӣ оид ба бархурди манфиатҳо оварда шудааст, равона карда мешавад.

Машваратчиён метавонанд бо дигар ширкатҳо бо мақсади баланд бардоштани таҷрибаи худ ҳамкорӣ кунанд, аммо бояд дар Изҳороти ҳавасмандӣ ба таври возеҳ нишон диҳанд, ки оё ассотсиатсия шакли корхонаи муштарак ва/ё зермашварат аст. Дар мавриди корхонаи муштарак, ҳамаи шарикони корхонаи муштарак, агар интихоб шуда бошанд, барои тамоми шартнома масъулияти муштарак доранд.

Машваратчӣ мувофиқи усули интихоби сифат ва арзиш ( СвА ), ки дар Қоидаҳои харид муқаррар шудааст, интихоб карда мешавад.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ба суроғаи зерин соатҳои корӣ аз соати 09:00 то 17:00 муроҷиат намоед.

Изҳороти ҳавасмандӣ бояд дар шакли хаттӣ ба суроғаи зерин (шахсан ё тавассути почта) на дертар аз 20 майи соли 2025, соати 17:00 ба вақти Душанбе фиристода шавад.

 

Маркази идораи лоиҳаи рушди инфраструктураи маҳаллӣ (коммуналӣ) (МИЛРИМ)

Таваҷҷуҳ ба: Ҷаноби Абдусамад Саидвализода

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе,

Н. Карабоева, 56, ошёнаи 4

Тел: (992372) 33 88 25; 33 13 30

Почтаи электронӣ: rwssp@midp.tj