Огоҳинома оид ба хариди махсус
Дархост барои пешниҳодҳо Корҳои хурд
(РАВАНДИ ПЕШНИҲОДОТИ ЯК ЛИФОФА)
Кишвар: Ҷумҳурии Тоҷикистон
Номи лоиҳа : Лоиҳаи обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот (ЛОБД)
Номи шартнома: Сохтмони бинои нави якошёнаи маъмурӣ ва таъмири асосии бинои мавҷудаи маъмурии минтақавии Корхонаи обтаъминкунӣ ва беҳдошти ноҳияи Восеъ.
Рақами грант: D 4310 – TJ
Истиноди ДБО: RWSSP-RFB-W/026-1
- Маркази идораи лоиҳаи рушди инфрасохтори маҳаллӣ (коммуналӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», ки агентии иҷрокунандаи лоиҳа мебошад, амал намуда, тариқи суратҳисоби Лоиҳаи обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот аз Бонки ҷаҳонӣ маблағ (Грант D4310) дарёфт намуда, ният дорад, ки як қисми маблағҳоро барои пардохти шартнома барои Сохтмони бинои нави якошёнаи маъмурӣ ва таъмири асосии бинои мавҷудаи маъмурии минтақавии Корхонаи обтаъминкунӣ ва беҳдошти ноҳияи Восеъ истифода барад.
- Маркази идораи лоиҳаи рушди инфрасохтори маҳаллӣ (коммуналӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчиёни ҳуқуқиро даъват менамояд, ки пешниҳодҳои мӯҳршудаи Озмунии худро барои Сохтмони бинои нави якошёнаи маъмурӣ ва таъмири асосии бинои мавҷудаи маъмурии минтақавии Корхонаи обтаъминкунӣ ва беҳдошти ноҳияи Восеъ манзур намоянд. Иштирокчиёне, ки дар сурати баста шудани зиёда аз як шартнома мехоҳанд тахфиф пешниҳод кунанд, ба шарте метавонанд ин корро кунанд, ки чунин тахфифҳо дар мактуби озмунӣ ворид карда шудаанд.
- Озмун дар доираи харидҳои рақобатии миллӣ бо истифода аз даъват барои иштирок дар озмун (ДБО), тавре ки Дар “Низомнома оид ба харид барои Қарзгирандагони МЛС” – и бонки Ҷаҳонӣ, аз марти 2021 (“Низомнома дар бораи харид”) нишон дода шудааст, гузаронида мешаванд ва барои ҳамаи иштирокчиени озмун, тавре ки Дар Низомнома оид ба харид муайян шудааст, кушода мебошанд.
- Иштирокчиёни мувофиқи озмун метавонанд аз Директори Маркази идораи лоиҳаи рушди инфрасохтори маҳаллӣ (коммуналӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидвализода А. тавассути суроғаи электронии rwssp@midp.tj маълумоти иловагӣ гиранд ва ё дар вақти корӣ аз соати 09:00 то 17:00 дар суроғаи дар поен зикршуда, ошёнаи 4-уми бинои Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», кӯчаи н.Карабаев 56, бо ҳуҷҷатҳои тендерӣ шинос шаванд. Инчунин, имкон дорад ҳуҷҷатҳои тендерӣ бо забони русӣ аз ҷониби иштирокчиёни мувофиқи озмун пас аз пешниҳоди дархости хаттӣ ба суроғаи дар поён овардашуда дастрас карда шаванд.
- Пешниҳодҳои озмунӣ бояд ба суроғаи дар зер овардашуда, кучаи Шотемур, 27, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шуъбаи харид. Қуттии озмунии № 5, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз соати 15:00 ба вақти маҳаллӣ, 11 апрели соли 2025 дастрас шаванд. Озмуни электронӣ иҷозат дода намешавад. Аризаҳое, ки пас аз вақт ва санаи дар боло зикршуда пешниҳод карда мешаванд, рад карда мешаванд. Пешниҳодҳои озмунӣ дар ҳузури намояндагони ваколатдори иштирокчиени озмун ва ҳамаи онҳое, ки мехоҳанд дар суроғаи зерин ҳузур дошта бошанд, ба таври оммавӣ кушода мешаванд: Кӯчаи Шотемур 27, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯъбаи харид, Шаҳри Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон, 11 апрели соли 2025 соати 15:00 ба вақти маҳаллӣ.
- Ҳамаи пешниҳодҳои озмунӣ бояд бо кафолати таъмини пешниҳоди озмунӣ бо маблағи 48 000.00 (чилу ҳашт ҳазор) сомонӣ ё бо дигар асъори мубодилашаванда ҳамроҳ карда шаванд.
- Суроғае, ки дар банди 4 зикр шудааст:
Идора: | Маркази идораи лоиҳаи рушди инфрасохтори маҳаллӣ (коммуналӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. |
Ном ва вазифаи корманд : | Саидвализода А.Р., директори МИЛ РИМ ҶТ. |
Суроға : | Кӯчаи Қарабоев, бинои 56, ошёнаи 4-уми бинои маъмурии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», ш.Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Почтаи электронӣ: | rwssp@midp.tj |
Торнома: | Obirusto.tj |