Омӯзиш оид ба тадбирҳои ҳифзи муҳити зист ва иҷтимоӣ дар Лоиҳа.
Аз 19 то 24 –уми моҳи июни соли 2024 дар ноҳияи Восеъ дар доираи татбиқи Лоиҳаи “ Обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот” тренинги омӯзишӣ оид ба тадбирҳои ҳифзи муҳити зист ва иҷтимоӣ баргузор гардид.
Дар кори тренинг намояндагони МИЛ РИМ ва намоядагони ташкилотҳои пудратчӣ иштирок намуданд.
Муҳандиси экологии МИЛ РИМ Ҳамидов Қурбоналӣ Сафарович дар мавзӯи “ Омӯзиш оид ба тадбирҳои ҳифзи муҳити зист ва иҷтимоӣ” баромад намуд.
Иштирокчиён мавзӯи баррасигардидаро бо мароқи том шунида, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Сипас оид ба мавзӯи пешниҳодгардида иштирокчиён суолҳои худро пешниҳод намуда аз ҷониби масъулин ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Таъкид гардид, ки дар дар рафти корҳои сохтмонӣ талаботҳои экологӣ ва иҷтимоӣ бояд ҳатман риоя карда шаванд.
Лоиҳаи “ Обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот”, ки аз ҷониби Маркази Идораи лоиҳаи рушди инфрасохтори маҳаллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонида мешавад, барои беҳтар намудани вазъи воқеъӣ дар соҳаи обтаъминкунӣ ва беҳдошти санитарӣ дар деҳоти мамлакат нигаронида шудааст.
Хотирнишон бояд намуд, ки дар Маркази идораи лоиҳаи “Рушди инфрасохтори маҳаллӣ ( коммуналӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон “ шуъбаи иҷтимоӣ- экологӣ фаъолият мекунад, ки дар мавзеъҳои сохтмонӣ дар доираи Қонунҳои амалкунандаи ҶТ ва талаботҳои Бонки умумиҷаҳонӣ оид ба ҳимоя ва кам намудани таъсир ба муҳити зист оид ба ҳолатҳои экологӣ ва техникаи бехатарӣ машварат ва сӯҳбату семинарҳо баргузор менамоянд.
Албатта, дар раванди корҳои сохтмонӣ риояи қоидаҳои санитарию экологӣ ва ҳифзи муҳити зист шарти муҳиму асосӣ ба ҳисоб рафта, риояи онҳо аз ҷониби сохтмончиён дар мадди аввал гузошта мешавад.