Рӯзи ҷаҳонии “Дастони пок”
Ҳамасола рӯзи 15 октябр дар саросари олам ҳамчун “Рӯзи дастони пок” қайд карда мешавад.
Ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ иборат аз он мебошад, ки хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва наврасонро аз усулҳои дурусти шӯстани дастҳо, ки омили тансиҳатӣ, беҳдоштӣ ва солимии онҳо ба ҳисоб рафта, барои пешгирӣ аз хуруҷи бемориҳои сироятӣ мусоидат менамояд, бохабар гардонанд.
Ин иқдом дар доираи Лоиҳаи “Обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот”, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ амалӣ гашта истодааст, солҳои охир дар ноҳияи Восеъ бо баргузор намудани чорабиниҳои маърифатию фарҳангӣ миёни хонангони муассисаҳои таълимии ноҳия доир мегардад.
Чун солҳои қаблӣ , имсол низ рӯзи 15 октябр дар ноҳияи Восеъ, дар доираи Лоиҳаи “Обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот” бахшида ба “Рӯзи дастони пок” аз тарафи Ширкати ҶДММ “Академияи рушди иҷтимоӣ” дарси кушод дар мавзӯи “Шӯстани дастон, омил ва кафолати саломатии инсон” бо иштироки мутахассисони варзидаи соҳаи тандурустӣ, миёни намояндагони соҳаи тибби ноҳия, омӯзгрон ва мактаббачагон ва кумитаи падару модарони муассисаҳои таълимӣ баргузор гардид. Иштирокчиёни чорабинӣ беш аз 300 нафарро ташкил медод.
Ҷамъомад дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 61-и шаҳраки Восеъ баргузор гардида, аз дарси кушоди назараявӣ, викторинаҳо ва озмуни расмкашӣ бахшида ба “Рӯзи дастони пок” иборат буда, мактаббачагон имконияти на танҳо гирифтани маълумоти пурра оид ба дуруст нигоҳ доштани саломатии худ, ҳамчунин имконияти санҷидани маҳорату малакаи расомии худро низ ба даст оварданд..
Викторина ва озмуни расмкашӣ ба таври шафоф баргузор гардида, ғолибони озмун бо мукофотҳо сарфароз гардиданд.
Чунин чорабинии судманд дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 3-и Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 26 Ҷамоати Бустонқалъаи ноҳияи Кӯшониён бо ибтикори ташкилоти ҷамъиятии мушовирии “М- Вектор” доир гардид, иштироки доираи васеи хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, кормандони соҳаи тандурустӣ, падару модарони хонандагонро дар бар мегирифт. Инчунин дар ин чорабинии солимгардонӣ намояндагони Лоиҳаи “ Обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот” низ ширкат намуданд.
Дар викторинаи баргузоргардида хонандагони муассисаи таълимӣ саҳначаҳо, қироати шеър ва андарзу ҳикматҳоеро, ки дар онҳо тарғиби ҳифзи сиҳатӣ ва тозагӣ таҷассум мегардид бо 3 забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ пешкаши ҳозирин гардониданд.
Дар викторина хонандагон маҳорати расомии хуро низ нишон дода, расмҳои кашидаи худро ба марази тамошо гузоштанд.
Дар охир иштирокчиёни викторина бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.