Тренинги омӯзишӣ дар н.Кӯшониёни вилояти Хатлон.

Тренинги омӯзишӣ дар н.Кӯшониёни вилояти Хатлон.

    “Баланд бардоштани иқтидор ва маҳорати касбии кормандони КДФ “ Обтаъминкунии гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ”, зери чунин унвон 19 июли соли 2024 дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон, тренинг баргузор гурдид, ки махсус барои кормандони Корхонаи давлатии фаръии “Таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов” бахшида шуд.
Дар кори тренинг 7 нафар аз кормандони КДФ “ Обтаъминкунии гурӯҳҳои ноҳияҳои минтақаи Бохтар “-и вилояти Хатлон”, 4 нафар раиси Кумитаҳои ҳамоҳангсозии Ҷамоатҳои деҳоти Заргар, Навбаҳор, Бохтариён ва Сарвати Истиқлол ширкат намуданд. Ҳамчунин намояндагон аз “Маркази идораи лоиҳаи рушди инфрасохтори маҳаллӣ (коммуналӣ) дар ҶТ” Ҷ. Қурбонов, З. Қурбонова, Ш. Сафарзода, намоянда аз Ширкати татқиқотию машваратии “М- Вектор”, Менеҷери лоиҳа Д. Ачилова, мутахассисони саҳроӣ ва муҳандисон иштирок доштанд.
Миёни иштирочиёни тренинг мубодилаи афкор сурат гирифта, вобаста ба паҳлӯҳои нигоҳдории системаи обтаъминкунӣ, ба роҳ мондани тарзи дудрусти обченкунакҳо, тарзи пайвастшавии муштариён ба система, безараргадонии оби нӯшокӣ ва сари вақт ҷамъоварӣ намдани маблағи оби истифодашуда корҳои омӯзишӣ ва фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуд.
Асосан, суолҳое, ки аз ҷониби иштирокчиён пешниҳод гардиданд, оид ба аз куҷо гузаштани қубурҳои обгузар, тибқи лоиҳа чанд деҳаҳо бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд ва амсоли инҳо суолҳое, ки ба рафти татбиқи лоиҳа вобастагӣ доранд, дода шуданд ва иштирокчиён ба суолҳои худ аз ҷониби масъулин посухҳои мушаххас гирифтанд.
Идомаи тренинг, ки 25 июли соли 2024 бо иштироки масъулин ва кормандони КДФ “ Обтаъминкунӣ ва рафъи обҳои партов” ҷараён гирифта, ба мавзӯи “Истифодаи оқилонаи об дар хоҷагиҳо ва нигоҳдории бехатарии он”, ки яке аз масъалаҳои мубрам ва асосӣ ба шумор меравад, бахшида шуд.
Ҳамчунин оид ба рафти татбиқи Лоиҳаи “Обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот “, ки аз ҷониби “Маркази идораи лоиҳаи рушди инфрасохтори маҳаллӣ (коммуналӣ) дар ҶТ” амалӣ гашта истодааст, маълумоти муфассал дода шуд.
Дар кори тренинг 30 нафар, аз ҷумла 7 нафар зан иштирок намуданд.
Дар тренинг муовини раиси ноҳияи Кӯшониён оид ба саноат, энергетика ва коммуналӣ Қаҳҳорзода Нурмуҳаммад Ғулом иштирок ва суханронӣ намуд.
Номбурда корҳои тибқи лоиҳа ба нақшагирифташударо амали хайр ва омили боло рафтани сатҳу сифати зиндагию рӯзгори мардуми ноҳия шумурда, миннатдории худро ба роҳбарияти Давлат ва Ҳукумати мамлакат, Бонки умиҷаҳонӣ ва кормандони “Маркази идораи лоиҳаи рушди инфрасохтори маҳаллӣ ( коммуналӣ) “ дар ҶТ, изҳор намуд.
Дар идомаи тренинг мушовир оид ба сафарбарнамоӣ ва робита бо ҷомеаи “ Маркази идораи лоиҳаи рушди инфрасохтори маҳаллӣ ( коммуналӣ) “ дар ҶТ Зулфия Қурбонова оид ба масъалаҳои гендерӣ баромад намуда, пешниҳод намуд, ки занони бесаробон ва камбизоатро бештар ба кор таъмин намоянд.
Аз ҷониби ширкаткунандагони тренинг ба ҳозирин оид ба ҷараёни корҳои тибқи лоиҳа ҷараёндошта суолҳо пешниҳод гардид ва масъулин ба суолҳо посухҳои мушаххас доданд.
Дар охир иштирокчиён бо шаҳодатнома сарфароз гардиданд.