ДАРХОСТ БАРОИ ИЗҲОРИ ҲАВАСМАНДӢ ХАРИДОРӢ НАМУДАНИ ДУ АВТОМАШИНАИ САБУКРАВ БАРОИ АМАЛИСОЗИИ ЛОИХАИ ЛСОБ-1. WSIP-G-PMU/004

ДАРХОСТ БАРОИ ИЗҲОРИ ҲАВАСМАНДӢ

Тоҷикистон

Маркази идораи лоиҳаи рушди инфраструктураи маҳаллӣ (коммуналӣ) дар ҶТ (МИЛРИМ дар ҶТ)

Грант: E 0950-TJ

Вазифа: ХАРИДОРӢ НАМУДАНИ ДУ АВТОМАШИНАИ САБУКРАВ БАРОИ АМАЛИСОЗИИ ЛОИХАИ ЛСОБ-1.

Рақами истинод: WSIP-G-PMU/004

Маркази идораи лоиҳаи рушди инфраструктураи маҳаллӣ (коммуналӣ) дар ҶТ барои татбиқи лоиҳаи сармоягузорӣ дар бахши обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар Тоҷикистон (марҳилаи 1) аз Бонки ҷаҳонӣ (Бонк) маблағ дарёфт намуда, ният дорад, қисме аз он маблағро тибқи шартнома барои харидорӣ намудани ду автомашинаи сабукрав барои идораи МИЛ истифода барад.

Таъминкунанда ӯҳдадор мешавад, ки барои татбиқи лоиҳа ду автомашинаи сабукравро харидорӣ ва таъмин намояд, ки миёни идораи МИЛ ва Гурӯҳи обтаъминкунӣ ва бещдошти ВЭЗО тақсим карда мешаванд.

Маркази идораи лоиҳаи рушди инфраструктураи маҳаллӣ (коммуналӣ) дар ҶТ (МИЛРИМ дар ҶТ) иштирокчиёни мувофиқро даъват менамояд, ки ҳавасмандии худро барои харидорӣ намудани ду автомашинаи сабукрав барои идораи МИЛ бо пешниҳоди маълумоти мухтасар дар бораи таҷрибаи ширкат барои тартиб додани рӯйхати мухтасари иштирокчиён баён кунанд.

Озмун бо истифода аз усули “Дархост барои пешниҳоди нархҳо” (ДПН), ки дар “Қоидаҳои харид барои қарзгирандагони МЛС”-и Бонки Ҷаҳонӣ аз июли соли 2016 дарҷ гардидааст ва сентябри соли 2023 (“Қоидаҳои харид”) бозбинӣ шудааст, гузаронида мешавад ва барои ҳама таъминкунандагони мувофиқ кушода аст, тавре, ки дар Қоидаҳои харид муайян шудааст.

Маълумоти иловагиро метавонед аз суроғаи зерин дар вақти корӣ аз соати 09:00 то 17:00 дастрас намоед.

Изҳороти ҳавасмандӣ бояд дар шакли хаттӣ ба суроғаи зерин то 19 июли соли 2024 пешниҳод карда шавад.

Маркази идораи лоиҳаи рушди инфраструктураи маҳаллӣ (коммуналӣ) дар ҶТ (МИЛРИМ дар ҶТ)

Таваҷҷуҳ ба: Саидвализода А. Директор

Душанбе к. Н.Қарабоева 56, бинои КВД ХМК, ошёнаи 4

Почтаи электронӣ: rwssp@midp.tj