Баргузории чорабиниҳо оид ба арзёбии таъсири экологӣ ва иҷтимоӣ дар қитъаҳои хатҳои обгузари асосии 2А ва 2Б-и ноҳияи Кӯшониён.
Лоиҳаи “Обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот” баҳри беҳтару хубтар намудани ҳолати кунунии соҳаи обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот нигаронида шудааст.
Лоиҳаи мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки умумиҷаҳонӣ амалӣ карда мешавад.
Тазаккур бояд дод, ки тибқи лоиҳа ноҳияҳои ҷануби вилояти Хатлон, аз қабили ноҳияҳои Кӯшониён, Вахш, Ҷ. Балхӣ, Дӯстӣ, Ҷайҳун ва ноҳияи Восеъ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин мегарданд.
Тибқи Лоиҳаи “ Обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот” дар ноҳияи Восеъ корҳои ба нақшагирифташуда бомуваффақият ба анҷом расида, 40 деҳа бо шумори 155 ҳазор нафар аҳолӣ бо оби тозаи хушсифат ва безарари нӯшокӣ таъмин гардиданд.
Дар ноҳияи Кӯшониён айни замон сохтмони 3 иншоот ва васлу насби қубурҳои қутрашон гуногун оғоз гардида, корҳо дар ин самт бомаром идома дорад.
Мувофиқи дастури амалиётии Лоиҳа ва супориши директори МИЛ РИМ барои баргузор намудани чорабиниҳо оид ба арзёбии таъсири экологӣ ва иҷтимоии лоиҳа гурӯҳи корӣ аз ҳисоби Маркази идораи лоиҳаи “Рушди инфраструктураи маҳаллӣ (коммуналӣ)” ба иншоотҳои тибқи Лоиҳа банақшагирифташуда ба ноҳияи Кӯшониён сафар намуданд.
Гурӯҳи корӣ сараввал бо намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён вохурда, ҷиҳати шиносоӣ оид ба таъсири экологӣ- иҷтимоӣ, ки тибқи Лоиҳа ба нақша гирифта шудааст, машварати корӣ доир намуданд.
Сипас, гурӯҳи корӣ бо ҳамроҳии намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз минтақаҳое, ки аз он хатти оби нӯшокӣ мегузарад, дидан намуданд. Ёдовар бояд шуд, ки хатҳои обгузари асосӣ аз ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Сарвати Истиқлол, Заргар, Навбаҳор ва Ҷамоати шаҳраки Бохтариён мегузарад.
Дар доираи вохӯриҳо намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён ва гурӯҳи кории Маркази идораи лоиҳаи “Рушди инфрасохтори маҳаллӣ (коммуналӣ)” бо аҳолии деҳаҳое, ки аз ин Лоиҳа баҳраманд мегарданд сӯҳбату мулоқотҳо доир намуданд.
Намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён ва сокиниони деҳот нисбат ба дастгириҳои роҳбарияти давлат ва ҳукумати мамлакат, ҳамчунин дастгириҳои Бонки умумиҷаҳонӣ ҷиҳати бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин намудани аҳолии дехот, ки яке аз мушкилоти асосии мардум ба ҳисоб меравад, арзи сипос ва миннатдорӣ баён намуда ва изҳор доштанд, ки дар рафти амалишавии Лоиҳа дар ҳамбастагӣ он масъалаҳое, ки тибқи Лоиҳа ба нақша гирифта шудаасту аз мақомоти маҳаллӣ вобастагӣ дорад, мусоидат менамоянд.