22 МАРТ — «РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ОБ»

22 МАРТ — «РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ОБ»

Сархати умумӣ

Ҳамасола 22 март  дар  сар то сари олам «Рӯзи умумиҷаҳонии об» баргузор карда мешавад.

Ёдовар бояд шуд, ки ин санаи муҳим аз соли 1993 инҷониб қайд карда мешавад.

Мақсад аз баргузории ин чорабинӣ  баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум оид ба моҳият ва аҳамияти муҳим доштани об дар ҳаёти инсоният  ва зарурати истифодаи оқилонаи об ва тарғибу ташвиқи масъалаҳои глобалии вобаста ба обу иқлим  дар сатҳи ҳукуматҳо, созмонҳо ва  ҷомеаи ҷаҳонӣ , ҳамчунин андешидани тадбирҳои муҳим дар бораи ҳифз ва нигоҳдории захираҳои об мебошад .

Боиси сарфарозӣ ва зикри хос аст, ки  Ҷумҳурии Тоҷикистон  зери роҳбарии оқилона ва дурандешонаю башардӯстонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи олам ҳамчун давлати ташаббускор  ва пешсаф дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим шинохта шуда, аз ҷониби яке аз созмонҳои бонуфӯзтарини дунё Созмони Миллали Муттаҳид пазируфта ва оид ба пешниҳодоти ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон  Қатъномаҳо қабул гардидааст.

Яке аз чунин пешниҳодҳои Давлати Тоҷикистон  эълон доштани  даҳсолаи байналмилалии амал  «Об барои рушди устувор»  барои солҳои 2018-2028 мебошад, ки бо қабули  Қатъномаи махсуси Созмони Миллали Муттаҳид мавриди амал қарор гирифааст.

 Ҳадаф ва вазифаҳо

Бо иштироки доираи васеи хонандагони муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон ва бо иштироки волидони хонандагон баргузор намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар мавриди истифодаи сарфакорона ва оқилонаи об, об ҳамчун сарвати бебаҳо , муносибати нек доштан нисбат ба ин ганҷи бебаҳои табиат, эхтиёткорона ва оқилона муносибат намудан  ба захирахои об ва дигар масоили вобаста ба арзиши об мебошад.

Бо  дар назардошти баргузор намудани чунин чорабиниҳои оммавӣ зарурати боз ҳам тақвият бахшидан ба чунин  маҳфилҳо дар сатҳи муассисаҳои таълимӣ  бо иштироки хонандагону омӯзгорон ва волидони хонандагон шарти муҳим ба ҳисоб рафта, ба ин васила донишу малакаи хонандагонро нисбат ба табиат , сарватҳои он ва ҳифзу ҳимояи онҳо боло бурда,  маърифати экологии онҳоро метавон баланд бардошт.

Ва бо ин восита метавон наврасонро дар чорабиниҳои оммавии экологӣ ҷалб намуда,  иштироки фаъолонаи онҳоро дар ин самт таъмин бояд намуд.

Гузаронидани чорабинихо дар мактабхо

Дар доираи  баргузории  “Рӯзи ҷаҳонии об” аз 18 то 20 марти соли 2024  дар муассисаҳои таълимии нохияи Кушониён чорабинихои гуногун ташкил ва гузаронида шуданд.

Бо ҷалби хонандагони  Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 1 ва 20, инчунин Гимназияи хонандагони болаёқати ноҳияи Кӯшониён, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №17-и  Ҷамоати деҳоти  Сарвати Истиқлол, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №70-и  Ҷамоати  деҳоти Бӯстонқалъа ва  Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №71-и Ҷамоати деҳоти  Заргар  озмунҳои  «Расми беҳтарин», «Беҳтарин рӯзномаи деворӣ», «Беҳтарин қироати шеър» баргузор гардид.

Гузаронидани дарсҳои кушод ва соатҳои тарбиявӣ дар мавзуъҳои экологӣ бо иштироки падару модарони хонандагон яке аз бахшҳои муҳими чорабинӣ ба ҳисоб рафта, хело ҳам таъсиргузор  буд.

Дар рафти ин чорабиниҳо омӯзгорон оид ба риояи ҳолатҳои санитарӣ ва беҳдоштӣ дар муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла истифода аз ҳоҷатхонаҳо, дуруст  ва сарфакорона истифода бурдан ва нигоҳдории об ба хонандагон ва аҳли оилаи онҳо маълумотҳои муҳим дода шуд.

Асосан, оид ба  бо  истифодаи собун ҳангоми шустани дастҳо ва риояи ҳатмии гигиенаи шахсӣ, ки  аҳамияти махсус дорад, таваҷҷуҳи махсус зоир карда шуд.

Барои  боз ҳам шавқовар ва хотирмон  гаштани чорабинӣ хондани шеърҳо, тамошои тасвирҳо, бозиҳои дидактикӣ,  ҳар гуна бозиҳои  таълимӣ ва викторинаҳо доир гардид, ки дар онҳо  мавзуъҳои оид ба аҳамияти об дар ҳаёти инсон, қимату арзиши об ҳамчун сарвати бебаҳо васф ва тараннум гардидаанд.

Ин тадбирҳо на танҳо омӯзишро шавқовару ҳаяҷонбахш гардонд, балки ба беҳтар дарк кардани аҳамияти об дар ҳаёти инсоният ва риояи қоидаҳои санитарию беҳдоштӣ  мусоидат  менамояд.

Баргузории чунин чорабинӣ ва маҳфилҳо бо мақсади дар ниҳоди наврасон бедор намудани ҳисси табиатдӯстӣ, эҳтиром гузоштан ба сарватҳои нодири табиӣ, дарки мафҳуми ватандорию ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои нодири табиӣ, хосатан нисбати об, ки нодиртарин ва бебаҳотарин сарвати табиат буда наҷотбахшу ҳаётбахши тамоми мавҷудоти олам мебошад, ба роҳ монда шуд.