Қитъаи обтаъминкунии “ Чилла”
Қитъаи обтаъминкунии “ Чилла” ду Ҷамоати деҳот ва 14 деҳаро дар бар гирифта, аҳолии он 60481,0 нафарро ташкил медиҳад.
Дар қитъаи мазкур 4 адад чоҳ бо 4 адад обкаши барориши якум, 6 адад обкаши барориши дуюм обанбор барои оби тоза бо ҳаҷми 1х 250 м3, обоанбори ҳавзи фишорӣ бо ҳаҷми 2х1000 м3 дар деҳаи Шӯрқишлоқ ва обанбори ҳавзи фишорӣ бо ҳаҷми 2х2000 м3 дар деҳаи Селбур бунёд ёфтааст.
Дар пойгоҳ 2 адад нармкунандаи об ва бино бо 2 адад обкаши меъёрӣ барои безарагардонии об бо ёрии пайвастагиҳои хлор мавҷуд мебошад.
Мувофиқи нақшаи обтаъминкунии “ Чилла” 55279 метр шоҳқубур ва 140350 метр қубури дохили маҳаллавӣ васлу насб гардидааст.
Корҳои сохтмонӣ мувофиқи нақша ба роҳ монда шуда иҷроиши онҳо 100% ташкил медиҳад.