Қитъаи обтаъминкунии “ Тосқалъа “

           Қитъаи обтаъминкунии  “ Тосқалъа “

Қитъаи мазкур фарогири 1 Ҷамоати деҳот, 7 деҳа ва 26920,0 нафар аҳолӣ мебошад.

 Барои сари вақт таъмин намудани аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ  қитъа  бо пойгоҳи обтаъминкунӣ бо 4 адад чоҳ,  4 адад обкаши барориши якум    ва 4 адад  обкаши барориши дуюм таъмин мебошад.

 Пойгоҳ дорои 2 адад ҳавзи оби тоза,  ҳар кадоме бо ғунҷоиши 1500 метри кубӣ ва 2 адад ҳавзи фишорӣ бо ғунҷоиши 250 метри кубӣ мебошад.

 Ҳамчунин пойгоҳ бо  2 адад нармкунандаи об ва бино бо 2 адад обкаши меъёрӣ барои безараргардонии об бо ёрии пайвастагиҳои хлор   таъмин мебошад.

Барои то ба ҳолӣ расонидани оби нӯшокӣ тибқи нақшаи обтаъминкунӣ15492 метр шоҳқубур ва 56630 метр қубури дохили маҳаллавӣ васлу насб карда шудааст.

 Сифати корҳои ба иҷрорасида мувофиқи талабот буда, иҷроиши корҳои сохтмонӣ 100 % дар бар мегирад.