НАМУНАИ ФОРМАТ:
ДАРХОСТ БАРОИ ИЗҲОРИ ҲАВАСМАНДӢ (ХИЗМАТРАСОНИҲОИ МАШВАРАТӢ)
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Лоиҳаи обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот, Ҷумҳурии Тоҷикистон (ЛОБД)
Грант №: D 4310-TJ
Номи вазифа: Мушовири инфиродӣ-менеҷери лоиҳа
Рақами истинод RWSSP–CS-046-1
Ҷумҳурии Тоҷикистон барои руйпуш намудани хароҷоти лоиҳаи Обтаъминкунӣ ва беҳдошти да деҳот гранти IDA № D4310-TJ-ро аз Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд, ки аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мегардад, дарёфт намуда, қисмате аз ин грантро барои хизматрасониҳои машваратӣ истифода мебарад.
Хизматрасониҳои машваратӣ («Хизматрасонӣ») мусоидат ба КВД ХМК дар таъсиси сохтори ҳамаҷонибаи идоракунии муштарак ва мусоидат ба татбиқи Лоиҳаи Обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот дар Тоҷикистонро дар бар мегирад. Менеҷери лоиҳа дар ҳамоҳангсозӣ ва идоракунии тамоми ҷанбаҳои лоиҳа, аз ҷумла банақшагирӣ ва назорати сармоягузориҳои инфрасохтори об ва обҳои партов, ҳамоҳангсозии фаъолияти институтсионалӣ оид ба рушди иқтидор бо муассисаҳои мавриди ҳадафи об, таъмини рушди фаъолиятҳо барои ба ҳадди аксар расонидани фоидаи сармоягузорӣ дар давраи баъдисохтмон ва таблиғ ҳамчун миёнарави асосӣ байни гурӯҳи лоиҳа, КВД «ХМК» ва дигар ҷонибҳои манфиатдор. Менеҷери лоиҳа барои таъмини ҳамкории муассир бо ҷонибҳои манфиатдор, банақшагирии умумии лоиҳа, банақшагирии харид ва буҷет, назорати молиявӣ, идоракунии хавфҳо, иҷрои қарордодҳо ва ҳисоботдиҳии шаффоф масъул хоҳад буд. Ин нақш муносибати стратегӣ, малакаҳои ҷалби ҷонибҳои манфиатдор ва ӯҳдадорӣ барои ноил шудан ба беҳбуди устувори хадамоти об ва беҳдоштро дар минтақаҳои мушаххаси ҷуғрофӣ талаб мекунад. Илова бар ин, менеҷери лоиҳа барои идоракунии бӯҳрон дар муайян ва ҳалли масъалаҳои ғайричашмдошт ва пайдошаванда барои таъмини мувофиқат, давомнокӣ ва устувории фаъолияти лоиҳа масъул хоҳад буд.
Шартҳои муфассали техникӣ (ТТ) барои супориш ба ин дархост барои изҳори ҳавасмандӣ замима карда мешаванд.
ToR_Project Manager – consultant
Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи рушди инфраструктураи маҳаллӣ (коммуналӣ)» ҳоло мушовирони мувофиқро, ки ҳавасмандии худро ба пешниҳоди хизматрасонӣ баён мекунанд, даъват менамояд. Мушовирони ҳавасманд бояд маълумотеро пешниҳод кунанд, ки онҳо дорои тахассуси зарурӣ ва таҷрибаи мувофиқ барои пешниҳоди хизматрасониҳо мебошанд. Меъёрҳои интихоби рӯйхати кӯтоҳ:
- i. Маълумоти олӣ дар идоракунии давлатӣ, идоракунии соҳибкорӣ, идоракунии сохтмон, иқтисод, муҳандисӣ ё дигар соҳаи дахлдор;
- ii. Зиёда аз 10 сол таҷрибаи корӣ дар вазифаҳои гуногун дар лоиҳаҳои инфрасохторӣ, на камтар аз 5 сол таҷрибаи идоракунии лоиҳаҳои инфрасохторӣ, аз ҷумла идоракунии шартномавӣ.
iii. Дониши кории расмиёти харид, менеҷменти молиявӣ ва идоракунии лоиҳаҳои Бонки Ҷаҳонӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дигар ташкилотҳо.
- iv. донистани забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ дар сатҳи баланд;
- v. Истифодаи касбии Ms Package, масалан.
Word, Excel ва PowerPoint. Донистани идоракунии лоиҳа ва нармафзори сохтмон бартарӣ хоҳад буд.
- VI. Маҳорати роҳбарии қавӣ ва идоракунии даста
VII. Таҷрибаи масъулиятшиносӣ, ростқавлӣ ва поквиҷдонӣ дар коркарди захираҳои давлатӣ.
Коршиносони калидӣ дар марҳилаи рӯйхати мухтасар арзёбӣ карда намешаванд.
Диққати мушовирони ҳавасманд ба бандҳои 3.14, 3.16 ва 3.17-и Фасли III “ Низомнома дар бораи харид барои қарзгирандагони МЛС”-и Бонки Ҷаҳонӣ (июли соли 2016, ки моҳи ноябри соли 2017, августи соли 2018 ва ноябри соли 2020 аз нав дида баромада шудааст) – Хариди молҳо, корҳо, хизматрасониҳои ғайримашваратӣ дар доираи маблағгузории лоиҳаҳои сармоягузорӣ равона карда шудааст. («Қоидаҳои харид»), ки сиёсати Бонки Ҷаҳониро оид ба бархӯрди манфиатҳо муайян мекунад.
Мушовирон метавонанд бо дигар ширкатҳо барои баланд бардоштани таҷрибаи худ ҳамкорӣ кунанд, аммо бояд аниқ нишон диҳанд, ки ассотсиатсия дар шакли корхонаи муштарак аст ва/ё ширкати зермашваратӣ аст. Дар мавриди корхонаи муштарак, ҳамаи шарикони корхонаи муштарак, агар интихоб шуда бошанд, барои тамоми шартнома масъулияти муштарак доранд.
Мушовир мувофиқи усули интихоби инфиродии мушовирон, ки дар Қоидаҳои харид муқаррар шудааст, интихоб карда мешавад.
Маълумоти иловагиро метавонед аз суроғаи зерин дар вақти корӣ аз соати 09:00 то 17:00 дастрас намоед.
Изҳороти ҳавасмандӣ бояд дар шакли хаттӣ ва бо Маълумотнома (CV) ба суроғаи зерин пешниҳод карда шаванд: то 10 майи соли 2024.
Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи рушди инфраструктураи маҳаллӣ (коммуналӣ)»
Ба таваҷҷӯҳи: муҳтарам Саидвализода Абдусамад
Душанбе, к. Н Карабоева 56, ошьёнаи 4
Почтаи электронӣ: rwssp@midp.tj