Рузи 20-уми октябри соли 2023 Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Пешвои Миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар ноҳияи Восеъ пойгоҳи обкашии “Тоскалъа”, ки дар деҳаи Тосқалъаи ҷамоати деҳоти Миралӣ Маҳмадалиев ҷойгир аст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Рузи 20-уми октябри соли 2023 Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Пешвои Миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар ноҳияи Восеъ пойгоҳи обкашии “Тоскалъа”, ки дар деҳаи  Тосқалъаи ҷамоати деҳоти Миралӣ Маҳмадалиев ҷойгир аст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Иншооти мазкур дар доираи татбиқи Лоиҳаи “Обтаъминкуӣ ва беҳдошт дар деҳот” бо маблағгузории Бонки Умумиҷаҳонӣ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта шудааст. Дар расми ифтитоҳи иншоот аз рӯи лоиҳаҳо ва тариқи манитор намоиш додани лавҳаҳои видеоӣ ба роҳбари давлат доир ба сифати корҳои анҷомдодашуда ва иқтидори фаъолиятии пойгоҳи насосии обанборҳо маълумот дода шуд.

Дар иншооти ифтитоҳгардида бо мақсади таъмини бахатарӣ ва тозагии оби нӯшокӣ ҳамарӯза дар лабаратория аз ҷониби мутахассисон сифатнокии об санҷида шуда пайваста бо маводии кимёвии хлор безараргардонии об пурра таъмин карда мешавад. Пойгоҳи обкашӣ барои таъмин намудани деҳаҳои Тосқалъаи поён ва боло, Гулдара, Арал, Заркамар, Зардолубоғ, Ҳулбек ва деҳаи ба номи Элмурод Хоҷаев бо оби нушокӣ пешбинӣ гардида бо таҷҳизотҳои технологияи муосир муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Пешвои Миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомдодашуда баҳои баланд доданд.

Ноҳияи Восеъ яке аз ноҳияҳои калонтарини вилояти Хатлон ба ҳисоб меравад, ки дар он беш аз 227 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунанд. Мувофиқи нақшаи тарҳрезии лоиҳакашӣ ноҳияи Восеъ ба 5 минтақаи обтаъминкунӣ тақсим гардида бо дар назардошти афзоиши аҳолӣ 155 ҳазор нафар, ки 68% аҳолии ноҳияро фаро мегирад дар доираи татбиқи Лоиҳа бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин гардиданд.