Риояи гигиена – омили саломатист
Ҳама сол рӯзи 28 май дар саросари дунё ҳамчун рӯзи байналмиллалии гигиенаи ҳайзбинии занон ҷашн гирифта мешавад. Аз соли 2014 дар саросари дунё зиёда аз 270 Лоиҳаҳои байнамиллалӣ ин мавзӯро дастгирӣ ва пайгирӣ намуда, ҳамасола дар ин рӯз корҳои фаҳмондадиҳӣ байни занону ҷавондухтарон ва дигар чорабинию ҷамъомадҳои махсус гузаронда мешаванд.
Бо дарназардошти мушкилоти сершуморе, ки занон ва духтарони наврас рӯ ба рӯ мешаванд, маълум аст, ки пешбурди идоракунии гигиении ҳайз на танҳо як масъалаи санитарӣ мебошад, балки як икдоми муҳим дар роҳи ҳифзи шаъну шараф, тамомияти бадан ва имкониятҳои ҳаётии занону духтарон мебошад.
Ҳадаф ва мақсад аз гузарондани чунин маъракаҳо аз он иборат аст, ки мафҳумияти ҳайзбинӣ ва гигиенаи занон ва ҷавондухтарон ба пуррагӣ равшан гардонда шавад, зеро гигиенаи ҳайзбинии занон омили саломатии онҳо буда, насли наврас аз он вобастагӣ дорад.
Дар ин рӯз дар чорабиниҳо ҳадафҳои зерин аз ҷумла мубориза бо мамнуъиятҳои марбут ба гигиенаи ҳайз, паҳн кардани маълумот дар бораи қоидаҳои гигиенӣ, таъмини дастрасии занону духтарони камбизоат ба воситахои гигиенӣ ,фароҳам овардани шароити муносиби таҳсил дар ин давра барои духтаронр ва нишон додани роҳҳои дуруст ва инноватсионии ҳалли ин мушкилоти духтарон дар давраи ҳайзро дар бар мегиранд.
Бахшида ба ин рӯз, аз тарафи намояндагони “Лоиҳаи обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот” дар доираи корҳои нақшавии худ дар ноҳияи Восеъ як ҷамъомади хотирмоне, барои занон аз ҳисоби кормандони соҳаи маориф , марказҳои саломатӣ ва ҷавондухтарон ташкил карда шуд.
Дар ҷамъомад мутахассисони пешбарандаи соҳаи тибби оилавӣ ва гигиенаи занона аз шаҳри Душанбе даъват гардиданд, ки ба ҳозирин тамоми маълумотро оид ба гигиенаи занону духтарон пешкаш намуданд.
Вохӯрӣ бо таври кушод баргузор гардид ва ба иштирокчиён имконият дода шуд, ки тамоми саволу мушкилиҳое, ки онҳо дар назди худ доранд, ба таври васеъ ва озод аз мутахассисон пурсон шаванд. Омӯзиши духтарон ва занон дар бораи гигиенаи занона ва биология ва дастрасӣ ба маълумоти дуруст дар бораи гигиена ва маводи мувофиқи санитарӣ ба занҳо имкон медиҳад, ки худро дар ҳама ҳолат худро бароҳат ҳис кунанд.
Инчунин ба ҳамаи иштирокчиён маводҳои барои огоҳсозӣ ва гирифтани маълумотҳои зарурӣ пешниҳод гардид.