Даъванома барои иштирок дар озмун (тендер) Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиҳаи обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот (ЛОБД)

Даъванома барои иштирок дар озмун (тендер)

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Лоиҳаи обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот (ЛОБД)

Номи супориш: Бозсозии иншооти обтозакунии нохияи Кушониён

Шумораи ТБР: RWSSPWICB/028

Рақами гранти АБР: D4310-TJ

  1. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи лоиҳаи обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот (ЛОБД) аз Бонки Ҷаҳонӣ маблағ дарёфт намуда, қисмате аз онро барои азнавсозии иншооти обтозакунӣ дар ноҳияи Кушониён равона месозад.
  2. Маркази идораи лоиҳаи обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот иштирокчиёни ҳуқуқии (мувофиқи) озмун-ро барои иҷрои корҳои сохтмонӣ дар иншооти зерин даъват менамояд:

RWSSP-W-ICB/028 «Бозсозии иншооти обтозакунии ноҳияи Кушониён».

Муҳлати сохтмони иншоот 18 моҳ мебошад.

Корҳо: бозсозии пойгоҳи обкашӣ бо хариду насби таҷҳизоти обкашӣ, механикӣ ва электрикӣ; бозсозии қисматҳои обанборҳои оби нӯшокӣ; сохтмони пойгоҳи обкашии канализатсия ва шабакаҳои дохилии он; сохтмони камераҳои обй; насби ҳисобкунакҳои ҷараёни об; сохтмони хатти берунии таъминоти қувваи барқ; сохтмон ва насби қубурҳои обгузари баромад ва даромад, клапан (запорная арматура) ё воситаи назорат ва интиқоли об ва дигар лавозимоти ба он алоқаманду озмоишҳои гидравликӣ; таъмини масолеҳи зарурӣ ва насби шабакаҳои технологӣ ва электрикии дохилии ҷойҳо, шабакаҳои обтаъминкунӣ, гидро-озмоиш ва кабудизоркунӣ. Дар доираи лоиҳа бозсозии иншооти обтозакунӣ дар ноҳияи Кӯшониён пешбинӣ карда мешавад.

  1. Озмун тавассути хариди байналмилалии рақобатпазир бо истифода аз дархост барои пешниҳодҳо (ДП) тавре сурат мегирад, ки дар Бонки Ҷаҳонӣ “Қоидаҳои харид барои қарзгирандагони МЛС – ноябри соли 2020” (“Қоидаҳои харид”) пешбинӣ шудааст ва барои ҳамаи иштирокчиёни ҳуқуқӣ (мувофиқ), ки дар Дастур оид ба харид муайян шудааст, кушода аст. Илова бар ин, лутфан ба бандҳои14, 3.15 оид ба сиёсати бархӯрди манфиатҳои Бонки ҷаҳонӣ назар андозед.
  2. Иштирокчиёни ҳуқуқии (мувофиқи) озмун метавонанд маҷмӯи пурраи ҳуҷҷатҳои озмуниро ба забони англисӣ пас аз пешниҳоди аризаи хаттӣ ба суроғаи зикршуда дастрас намоянд: Душанбе, кӯчаи Н.Қарабоева, 56, Маркази идораи лоиҳаи обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот (ЛОБД)
  3. Ҳама дархостҳои озмунӣ бояд бо кафолати пешниҳоди 164,000,00 доллари ИМА пешбарӣ карда шаванд.
  4. Пешниҳоди ҳуҷҷатҳои озмунӣ ва дархостҳо барои тавзеҳот бояд аз ҷониби Фармоишгар на дертар аз: 10 (даҳ) рӯз пеш аз ифтитоҳи озмунҳо қабул карда шаванд.
  5. Дархостҳои озмунӣ бояд ба суроғаи дар поён овардашуда то соати 15:00 ба вақти маҳаллӣ 05 июни соли 2023 пешниҳод карда шаванд. Харидҳои электронӣ иҷозат дода намешаванд. Пениҳодҳои дершуда рад карда мешаванд. Пешниҳодҳои озмунӣ дар ҳузури намояндагони таъиншудаи иштирокчиён ва хоҳишмандони иштирок дар суроғаи зерин, соати 15:30 ба вақти маҳаллӣ 05 июни соли 2023 кушода мешаванд:

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Шотемур, 27, ошёнаи якум, утоқи 10.

  1. Маълумоти иловагиро метавон аз суроғаи зерин дар соатҳои корӣ аз соати 09:00 то 17:00 (бо вақти маҳаллӣ) дастрас намуд:

Маркази идораи лоиҳаи обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот (ЛОБД)

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Н.Қарабоева, 56. ошёнаи 4 Тел.: (992372) 33 88 25; 33 13 30, E-mail: rwssp@midp.tj