Хамасол 22 март дар тамоми сайёра Рӯзи умумиҷаҳонии об ҷашн гирифта мешавад. Мақсад аз гузаронидани ин чорабинӣ ба ҳар як сокини сайёра дар бораи захираҳои об ва аҳамияти он баҳри ҳифзи ҳаёту табиат дар рӯи замин ёдрас кардан аст. Аввалин бор Рӯзи умумиҷаҳонии об дар аввалин конфронси СММ соли 1992 дар Рио-де-Жанейро мавриди барассӣ қарор гирифт. Аллакай соли 1993 Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид қарори расмӣ қабул кард, ки рӯзи 22-юми март ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии об қайд карда шавад. Имсол дар доираи таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии об Лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва беҳдошти деҳот» дар байни мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии таҷрибавии ноҳияи Восеъ маъракаи иттилоотӣ доир намуд. Ҳамчунин хонандагони мактабҳои дар дарёи Ёхсу наздик иқдом гирифтанд, ки соҳилҳои дарёро аз партовҳо тоза намояд. Ин иқдоми хонандагонро мардуми деҳа низ дастгирӣ намуда, онҳо низ аз паи тоза намудани соҳилҳо шуданд. Дар ин маърака қариб 60 нафар духтарону писарон бо либосҳои махсус дар тан бо шиори “Об ин ҳаёт аст, онро бояд тоза нигоҳ дорем” соҳилҳои дарёи Ёхсуро тоза намуданд.