Рӯзи умумиҷаҳонии об

Соли 2022 дар ноҳияи Восеъ Лоиҳаи “Обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот” бахшида ба рӯзи умумиҷаҳонии об аксия гузаронид. Мақсад аз баргузории аксия даъвати аҳолӣ ба пешгирии ифлосшавии захираҳои об, истифодаи оқилонаи об дар хонаводаҳо буд, ки дар он 120 нафар ширкат намуданд. Аз шумораи умумии иштирокчиён 55 фоизашро духтарон ва 45 фоизашро писарон ташкил доданд. Дар маъракаи рӯзи об хонандагон дар викторинаҳои интерактивӣ ва дар озмуни расмкашӣ иштирок намуданд, ки духтарон хело фаъол буданд.