Дар мактаби рақами 1 ноҳияи Восеъ барои омӯзгорон машғулиятҳо гузаронида шудаанд, ки он се давраро дар бар мегирифт.
Дар давраи аввал аз ҳар як мактабҳои таҷрибавӣ 2 нафар омӯзгор даъват гардиданд. Бахусус таваччӯҳ ба муаллимони фанни биология, ки ба мавзӯи гигиена наздиктаранд, дода шуд.
Дар давраи дуюм ҳамон омӯзгорони омӯзиш гирифта, даъват шуданд то донишашон барои омӯзиши муаллимони мактабҳояшон мукаммал гардад.
Дар давраи сеюм бошад, ҳамаи он нафарони омӯзиш гирифта, вазифадор мешаванд, ки дар байни хонандагон дар дарсҳои берун аз синфӣ дар мавзӯҳои гигиенаи ҳайз ва умумман санитария ва гигиена дарс гузаранд. Азбаски дар мактаб занон зиёдтар кор мекунанд, аз ин рӯ шумораи зиёди иштирокчиёни семинар низ онҳо буданд.