Дастгирии татбиқи обтаъминкунӣ ва санитарию гигиенӣ дар мактабҳо

Дар ҷамоатҳои мавриди ҳадаф интихобшуда, дар ноҳияи Восеъ 28 мактаб фаро гирифта  мешавад. Дар байни  омӯзгорон ва хонандагон пеш аз оғоз ва баъд аз  анҷоми сохтмони иншооти об, чорабиниҳо оид ба саломатии наврасон бахусус духтарон гузаронида мешавад.

 

Маркази “Тарзи ҳаёти солим” шарики асосии Лоиҳаи “Обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот” ба татбиқи чорабиниҳо оид ба санитария ва гигиена, аз ҷумла ҷанбаҳои гигиенаи давраи ҳайз дар байни духтарони наврас, волидон ва омӯзгорони мактаб мебошад. Гигиенаи ҳайз як ҷузъи ҷудонашавандаи давраи ҳайз аст, ки аз риояи дурусти он саломатии духтарон ва занон вобаста аст. Бо ин мақсад  дар соли  2022 дар ноҳияи Восеъ,  аз ҷониби лоиҳа тренинг барои 20 нафар фасилитаторони марказҳои тиббии деҳот, ки ҳамаашон занон буданд, баргузор гардид. Дар вохӯриҳо 500 нафар духтарони синфҳои 5- 9 иштирок намуданд. Роҳбарони марказҳои тиббӣ дар мавзӯи ҳайз  ва гигиена  ва он мушкилиҳое,ки духтарон дар ин давра дучор мешаванд, ба онҳо маълумот доданд