Эълон барои ишғоли вазифаи холӣ

Эълон барои ишғоли вазифаи холӣ

12.01.2023

МИЛРИМ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Лоиҳаи обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот барои ишғоли вазифаи навбатии холӣ озмун эълон мекунад.:

 Мутахассиси калон оид ба дастгирии харид

 Дар маҷмуъ:

Мутахассиси калон оид ба дастгирии харид дар ҳамкорӣ бо сармутахассис оид ба харид ба лоиҳа дар банақшагирӣ, амалисозӣ ва назорати хариди молҳо, корҳо, хизматрасониҳои машваратӣ ва ғайримашваратӣ мутобиқи Қоидаҳои хариди Бонки Ҷаҳонӣ кӯмак мерасонад. (июли 2016, бо ислоҳ дар моҳи ноябри соли 2017 ва августи 2018).

 Ӯҳдадориҳои вазифавӣ:

  •     Кӯмак ба сармутахассис оид ба харид дар масъалаҳои марбут ба шӯъбаи хариди лоиҳа;
  • Дар ҳолати зарурӣ ба сармутахассис оид ба харид дар таҳияи ҳуҷҷатҳои зарурии марбут ба омодасозӣ ва татбиқи Лоиҳа кумак мерасонад;
  • Мусоидат дар пешбурди корҳои лоиҳа ва ба Сармутахассис оид ба харид дар таҳияи бастаҳо барои хариди молҳо, корҳо ва хидматҳои ғайримашваратӣ, ки тибқи нақшаи хариди лоиҳа ва Қоидаҳои хариди Бонки Ҷаҳонӣ анҷом дода мешаванд (июли 2016, бо ислоҳ дар моҳи ноябри соли 2017 ва августи 2018) ;
  • Мусоидат дар пешбурди корҳои лоиҳа ва ба Сармутахассис оид ба харид дар таҳияи супоришҳои техникӣ оид ба хариди хизматрасониҳои машваратӣ, ки дар нақшаҳои амалӣ ва хариди лоиҳаи грантӣ пешбинӣ шудаанд, инчунин дастгирӣ дар хариди хизматрасониҳои машваратӣ бо истифода аз усулҳои харид: ( i) Интихоби сифат ва арзиш; (ii) Интихоб аз рӯи буҷети муқарраршуда ; (iii) Интихоби арзиши камтарин; (iv) Интихоб дар асоси тахассуси мушовир; (v) Шартномаи мустақим; ва (vi) Интихоби мушовирони инфиродӣ;
  • Тадқиқоти бозории хизматрасониҳои машваратӣ ва ғайримашваратӣ;
  • Назорати иҷрои қарордодҳои машваратӣ/ғайримашваратӣ, ки назорати марҳилаҳо, ворид намудани тағйироти саривақтӣ, ҳалли баҳсҳо ва ғайраро барои шартномаҳо бо ширкатҳо ва шахсони воқеӣ-ро дар бар мегирад;
  •    Мусоидат дар пешбурди корҳои лоиҳа ва ба Сармутахассис оид ба харид дар таҳияи мушаххасоти техникӣ ва сметаи хароҷот барои хариди молу корҳое, ки дар нақшаҳои татбиқи лоиҳа ва харид пешбинӣ шудаанд;
  • Мусоидат дар пешбурди корҳои лоиҳа ва ба Сармутахассис оид ба харид дар бозсозӣ ва бойгонии ҳуҷҷатҳо;
  • Мусоидат дар пешбурди корҳои лоиҳа ва ба Сармутахассис оид ба харид дар таҳияи ҳисобот оид ба масъалаҳои хариди Лоиҳаи грантӣ барои пешниҳоди минбаъда ба мақомоти дахлдори назоратӣ: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти гумрук;
  • Бо мутахассисони молиявӣ оид ба масъалаҳои шартнома ҳамкорӣ мекунад;
  • Ташкил ва навсозии мунтазами махзани маълумот оид ба таъминкунандагон, пудратчиён ва мушовирони эҳтимолӣ;
  • Назорати баҳисобгирӣ ва нигоҳдории ҳуҷҷатҳои шӯъба;
  • Риоя кардани дигар дастурҳои Директори марказ оид ба ӯҳдадориҳои вазифавии мутахассис дар доираи Лоиҳаҳои грантии зикршуда ва дигар грантҳои ояндаи аз ҷониби АБР маблағгузорӣ шаванда.
  1. Талаботи тахассусӣ:
  • Таҳсилоти олӣ дар соҳаи иқтисод, маъмурият ё ба он баробар;
  • Омӯзиш дар соҳаи харид, аз ҷумла расмиёти Бонки Ҷаҳонӣ оид ба хариди молҳо, корҳо ва интихоби машваратчиён;
  •     Таҷрибаи на камтар аз 3 сол дар соҳаи харид дар лоиҳаҳое, ки аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ/дигар муассисаҳои молиявии байналмилалӣ маблағгузорӣ мешаванд;
  •      Малакаҳои хуби компютерии MS Word, MS Excel;
  • Дониши хуби забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ;
  • Маҳорати баланди пешбурди кор дар ҳайати даста ё худ кори даставӣ.

Шахсони хоҳишманд бояд маълумотнома, нусхаи диплом, нусхаи шиноснома, тарҷумаи ҳол ва дигар ҳуҷҷатҳоро на дертар аз 24 январи соли 2023, то соати 17.00 ба вақти маҳаллӣ ба суроғаи зерин пешниҳод намоянд:

Душанбе, к. Н.Қарабоева 56, МИЛРИМ, бинои КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», ошёнаи 4.

Тел: 233 88 25, 233 13 30

Почтаи электронӣ: rwssp@midp.tj

Ба муҳтарам А.Р. Саидвализода

Директорони МИЛРИМ