ОГОҲИИ УМУМӢ ДАР БОРАИ ХАРИД

ОГОҲИИ УМУМӢ ДАР БОРАИ ХАРИД

Ҷумҳурии Тоҷикистон

“Лоиҳаи сармоягузории обтаъминкунӣ ва беҳдошти санитарӣ дар Тоҷикистон” (WSIP-1)

 

ОГОҲИИ УМУМИИ ХАРИД

Грант № E0950–TJ (Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд)

Рақами рамзии (ID-и) лоиҳа № P177325

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Бонки Ҷаҳонӣ ба маблағи муодили 45,0 миллион доллари ИМА маблағгузории грантӣ барои пардохти хароҷоти “Лоиҳаи сармоягузории обтаъминкунӣ ва беҳдошти санитарӣ дар Тоҷикистон” (WSIP-1) гирифтааст ва ният дорад як қисми ин маблағро барои пардохти хариди мол, корҳои марбута ва хизматрасонии машваратӣ, ки дар доираи ин лоиҳа харида мешаванд, истифода намояд. Муассисаҳои иҷрокунандаи лоиҳа Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» мебошанд.

Лоиҳа қисматҳои зеринро дар бар мегирад:

Қисмати 1 – Такмили институтсионалӣ ва таҳкими иқтидори (ISCB) муассисаҳои соҳаи об. Дар доираи ин бахш дар таҳияи сиёсати соҳавӣ ва пешниҳодҳои қонунгузорӣ, таъсиси системаи иттилоотии мониторинги умумисоҳавӣ, такмили санҷиш ва мониторинги сифати об, рақамикунонии феҳристи чоҳҳо дар вилояти Хатлон ва тартиб додани нақшаи генералии таъмини оби нушокӣ ва рафъи обҳои партов вилояти Хатлон ёрии зарурӣ расонида мешавад. Хизматрасонии машваратӣ дар доираи ин бахш инчунин беҳтар намудани фаъолияти оперативӣ ва молиявии корхонаи таъмини оби нушокӣ ва рафъи обҳои партови вилояти Хатлон ва идораҳои обу корези мақсадноки лоиҳа дар ноҳияҳои Дӯстӣ ва Ҷ. Балхӣ, инчунин таҳия ва татбиқи барномаи омӯзишӣ барои кормандони соҳаи мазкурро дар бар мегирад.

Қисмати 2 – Сармоягузорӣ дар соҳаи обтаъминкунӣ ва беҳдошти санитарӣ. Сармоягузориҳо дар доираи қисмати мазкур аз иваз кардани қубури магистралии мавҷудаи об (дарозии умумии тахминии мутаносибан 25,5 км ва 16,5 км) ва иваз кардан/васеъ гардонидани системаи обтаъминкунӣ дар маҳаллаҳо/деҳаҳои интихобшудаи ноҳияҳои Дӯстӣ ва Ҷ. Балхӣ, ки ба қубури магистралӣ вобастаанд, иборат хоҳад буд. Инчунин қисмати мазкур ба дастгирии беҳбудии таъмини об, санитария ва гигиена дар мактабҳо ва муассисаҳои тандурустии интихобшуда равона гардидааст.

Қисмати 3 – Идоракунии лоиҳа ва мониторинг. Бахши мазкур пардохти арзиши молҳо, корҳо, хизматрасониҳои машваратӣ ва хароҷоти амалиётии марбут ба фаъолиятҳои идоракунии лоиҳаро маблағгузорӣ мекунад.

Қисмати 4 – Қисмати вокуниш ба ҳолати фавқулодда (CERC)

Хариди мол, кор ва хизматрасониҳо мутобиқи Қоидаҳои хариди Бонки Ҷаҳонӣ барои қарзгирандагон дар доираи маблағгузории лоиҳаҳои сармоягузорӣ аз моҳи ноябри соли 2020 ва муқаррароти дар Созишномаи маблағгузорӣ пешбинишуда амалӣ карда мешавад ва барои ҳамаи иштирокчиёни ҳуқуқии озмунҳо, ки дар дастурҳо муайян шудааст, кушода аст.

Эълонҳои махсуси харид барои қарордодҳое, ки тибқи тартиби тендерҳои байналмилалии озмунӣ (ICB) аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ пешниҳод мешаванд ва шартномаҳои машваратӣ баробари дастрас шудани онҳо дар нашрияи СММ UN Development Business ва dgMarket эълон карда мешаванд ва инчунин дар рӯзномаи маҳаллӣ нашр мешаванд.

Маркази идораи лоиҳаи рушди инфраструктураи маҳаллӣ (коммуналӣ)

дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (МИЛ РИМ)

Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯч. Н.Қарабоева, 56

(Бинои Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», ошёнаи 4),

Ба диққати: Абдусамад Саидвализода, директори МИЛ РИМ

Тел: +992 (37) 233 88 25

Факс: +992 (37) 233 12 30

Почтаи электронӣ: rwssp@midp.tj