Аз соли 2008 инҷониб ҳамасола 15 октябр Рӯзи умумиҷаҳонии дастони пок таҷлил карда мешавад, то шустани дастҳоро бо собун ва об ҳамчун як роҳи содда, муассир ва дастраси пешгирии бемориҳо ва наҷоти одамон тарғиб кунад. Шустани дастҳо бо собун дар вақтҳои муҳим, аз қабили баъд аз истифодаи ҳоҷатхона ё пеш аз хӯрок хӯрдан, метавонад хатари дарунравӣ ва пневмонияро, ки ба бемории вазнин ва марг оварда мерасонад, хеле кам кунад. Шустани дастҳо бо собун инчунин ба пешгирии паҳншавии дигар сироятҳо ва вирусҳо, аз ҷумла зуком ва COVID-19 мусоидат мекунад.
Рақамҳои ташвишовар
Бо назардошти он, ки 1,37 миллиард нафар (18% аҳолии ҷаҳон) дар хона иншоотҳои санитарӣ аз қабили ҷойи дастшӯйӣ надоранд, мо метавонем бо боварӣ гуфт, ки ин мушкилот аҳамияти бузург дорад!
Шустани дастон яке аз роҳҳои муассиртарин барои нигоҳ доштани бехатарӣ дар давраи пандемияи COVID-19 ва то ба ҳол яке аз муҳимтарин рафторҳои зарурӣ барои тарзи ҳаёти солим буд ва боқӣ мемонад.
Дастрасӣ ба хизматрасонии обтаъминкунӣ ва доштани маълумот оид ба ОСГ танҳо барои тағйир додани рафтори одамон дар ин масъала кофӣ нест; одамон бояд мутмаин бошанд, ки дастшӯйӣ нақши муҳим мебозад ва онҳо ба ёдраскуниҳои зуд-зуд ниёз доранд, то ҳавасманд бошанд ва рафторҳоеро иҷро кунанд, ки онҳо ва дигаронро аз бемориҳое, ки тавассути дастҳои ношуста ва нопок мегузаранд, муҳофизат кунанд.
Масалан, ҳатто агар муассисаи тиббӣ ба мавод ва иншооти санитарӣ дастрасӣ дошта бошад ва кормандон аз рафтори хуби гигиении даст огоҳ бошанд ҳам, тақрибан 61% кормандони соҳаи тиб то ҳол ба он риоя намекунанд. Илова бар таъмини дастрасӣ ба оби бехавф, санитария ва гигиена (ОСГ), мо бояд тағироти системавӣ ва дарозмуддати рафторро барои беҳтар кардани омори ҷорӣ, ки ҳар шаш бемор дар саросари ҷаҳон як сироятро дар муассисаҳои тандурустӣ ба даст меорад, пешбарӣ кунем.
Роҳҳо барои беҳтар кардани дастрасӣ ба об ва санитария тавассути маъракаҳои иттилоотӣ
Дар доираи татбиқи Лоиҳаи “Обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот”, дар сатҳи ҷомеа ва барои хонандагони муассисаҳои таълимӣ ҳадафӣ барои ноил шудан ба устувории воқеии дарозмуддат ва тағирёбии рафтори иҷтимоӣ маъракаҳои васеи иттилоотӣ гузаронида мешаванд. Мо ба қувваи муштараки таъмини дастрасӣ ба хидматҳои бехатари ОСГ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва беҳтар кардани рафтори ҷомеа оид ба одатҳои хуби ҳаррӯза тавассути чунин маъракаҳо боварӣ дорем.
Барои ноил шудан ба ин ҳадафҳо Лоиҳа дар ҳамкории зич бо муассисаҳои таълимии умумӣ ва марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим (ТТҲС) фаъолият мебарад. Ҳамин тавр, дар ноҳияи Восеъ, аз моҳи августи соли 2022 дар байни омӯзгорону хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ бастаи дарсҳои иттилоотии беруназсинфӣ оид ба Об, Санитария ва Гигиена ва Гигиенаи Ҳайзбинӣ ба роҳ монда шуд. Муаллимони мактабҳо дар мувофиқа бо Маркази идораи Лоиҳа (МИЛ) ва намояндагони маҳаллии ташаккули тарзи ҳаёти солим мунтазам дарсҳои сӯҳбат, озмунҳои гуногун, вохӯриҳои иттилоотӣ ва дарсҳои кушодро оид ба масъалаҳои ОСГ мегузаронанд.
Дар баробари чорабиниҳои зиёд оид ба дастгирии иттилоотии аҳолӣ рӯзҳои 13 ва 14 октябри соли 2022 дар мактабҳои таҳсилоти умумии деҳоти ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон чорабинии густурдаи иттилоотӣ гузаронида шуд. Чорабинӣ аз ҷониби муаллимони дар лоиҳа омӯзонидашуда аз худи мактабҳо дар мувофиқа бо шӯъбаи маорифи маҳаллӣ ва МИЛ гузаронида шуд. Хонандагони мактабҳо сар карда аз синфхои 3 то синфҳои 8 фаъолона иштирок намуда, ба масъалаҳои гигиенӣ ва шустани дастҳо, махсусан бо собун чун реҷаи ҳаррӯза шавқу ҳаваси калон зоҳир намуданд.
Ҳадафи Лоиҳа дастрасӣ, тағйир додани рафтор ва устуворӣ мебошад. Ин унсурҳо модели чорабиниҳои иттилоотии моро ташкил медиҳанд, ки тавассути он Лоиҳа пеш меравад. Бо қувваи якҷояи ин се ҷузъ, мо кори худро устувор мегардонем, барои тағйироти мусбӣ фазои мусоид фароҳам меорем ва ба аҳолӣ барои тағйир додани ҳаёташон ба сӯи беҳтар мусоидат мекунем!