Охири моҳи августи соли 2022 дар шаҳри Бохтар семинар оид ба арзёбии миёнамӯҳлати фаъолияти Лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот», ки аз ҷониби Маркази идораи Лоиҳаи Рушди инфраструктураи маҳаллӣ (коммуналӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (МИЛ РИМ ҶТ) аз соли 2019 то инҷониб бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва маблағгузории Бонки Умумиҷаҳонӣ амалӣ мегардад, баргузор гардид.
Дар рафти семинар натиҷаҳои кори Лоиҳа дар шаш моҳи соли 2022 баррасӣ шуданд. Аз ҷумла, ҳисоботи сармуҳандиси Лоиҳа, мутахассисони мониторинг ва арзёбӣ, гурӯҳи рушди иҷтимоӣ ва дигар шарикон шунида шуд. Чунон, ки дар баромади нотиқон қайд карда шуд, Лоиҳа дар самти сохтмону барқарор намудани иншоотҳои обтаъминкунӣ ва сохтмони иншоотхои санитарӣ дар муассисаҳои иҷтимоии вилояти Хатлон фаъолона амалӣ карда шуда истодааст.
Лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот» барои беҳтар намудани шароити обтаъминкунии деҳаҳои сераҳолӣ, ки аз надоштани оби нӯшокӣ танқисӣ мекашанд, нигаронида шуда, ҳамзамон имкониятҳо ва вариантҳои гуногуни таъмини об барои мавзеҳои дурдаст ва парокандаро низ баррасӣ менамояд. Дар натиҷаи фаъолияти пурсамари Лоиҳа занон, кӯдакон ва бахусус духтарон, барои сарфаи вақт ҷиҳати обкашонӣ аз мавзеҳои дур, пешгирӣ ва коҳиш додани бемориҳои бо об паҳншаванда, нороҳатиҳо ва стрессҳои марбут ба набудани дастрасӣ ба об ва беҳдошти саломатии бехатар идорашаванда манфиат хоҳанд гирифт.
Аз рӯи Арзёбии миёнамӯҳлат интизор меравад, ки Лоиҳа беш аз 300 000 нафар сокинони деҳот ва 100 000 нафарро дар марказҳои ноҳияҳои минтақаҳои афзалиятнок (дар ҳафт ноҳияи таҷрибавии зикршуда) дар вилояти Хатлон фаро гирад. Дар байни онҳо, тақрибан 100 000 нафар (асосан кӯдакон) аз сармоягузорӣ ба иншоотҳои санитарӣ ва чорабиниҳои тағйири рафтор дар масъалаҳои об, санитария ва беҳдошт дар муассисаҳои таълимӣ ва марказҳои саломатии деҳот баҳра хоҳанд бурд.
Бенефитсиарҳои чорабиниҳои таҳкими институтсионалӣ мақомотҳои давлатӣ дар сатҳи миллӣ ва маҳаллӣ мебошанд, аз ҷумла: Вазорати энергетика ва захираҳои об, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», Вазорати маориф ва илм, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар минтақаҳои мақсадноки Лоиҳа, филиалҳои КВД «ХМК» дар минтақаҳои ҳадафноки лоиҳа (Водоканалҳо ва «Тоҷикобидеҳот») , ММТТҲС дар сатҳи миллӣ ва идораҳои ноҳиявии онҳо ва дигар муассисаҳое, ки дар сатҳи ҷомеа фаъолият менамоянд. Аҳолии деҳаҳои ҳадафии Лоиҳа дар натиҷаҳои фаъолияти Лоиҳа аз беҳбудии шароити таъминоти об тавассути дастгирии институтсионалӣ ва чорабиниҳои баланд бардоштани иқтидори корхонаҳо дар сатҳи миллӣ ва маҳаллӣ баҳра хоҳанд бурд.
Таҳлилҳо нишон доданд, ки ба ҳолати 1 январи соли 2022 67,1 фоизи аҳолии ҷумҳурӣ ба оби ошомиданӣ дастрасӣ доранд, ки ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ нест. Ғайр аз ин, 33 дарсади боқимонда аз оби ошомиданӣ аз чоҳҳои маишӣ ё обҳои рӯизаминӣ истифода мебаранд, ки ба талаботи санитарию эпидемиологӣ ҷавобгӯ нестанд.