185 ҳазор аҳолии ноҳияи Восеъ бо оби тоза таъмин мешаванд

Зимни Лоиҳаи обтаъминкунӣ дар деҳот ва беҳдошт (Лоиҳа) дар ноҳияи Восеъ моҳи декабри соли 2020 сохтмони  маҷмаъи обтаъминкунӣ барои деҳаҳои ноҳия оғоз ёфт.

Дар айни замон дар ҷамоати деҳоти ба номи М.Маҳмадалиев аллакай 56% корҳои сохтмону васлкунӣ ба анҷом расидаанд. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Маркази идораи лоиҳаи рушди инфрасохтори маҳаллӣ (коммуналӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (МИЛ) бо дастгирии молиявии Бонки умумиҷаҳонӣ (БУ) ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи Воҳиди Давлатии “Хоҷагии Манзилию Коммуналӣ” ва мақомотҳои иҷроияи маҳаллӣ, амалӣ карда мешавад.

Дар доираи таҳияи лоиҳакашӣ, сохтумони аввалин маҷмаъи обтаъминкунии умумӣ дар ноҳияи Восеъ ба панҷ минтақа тақсим карда шудааст. Пас аз анҷоми корҳои сохтмонӣ дар панҷ минтақаҳо, зиёда аз 184 ҳазор нафар ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ пайдо хоҳанд кард, ки ин 90% аҳолии ноҳияи Восеъро ташкил медиҳад.

Бино ба гуфтаи Бахтиёр Тухтаев, сармуҳандиси МИЛ, ҳоло дар ноҳияи Восеъ дар минтақаҳои лоиҳавии 1.1 (шабакаи обтаъминкунии Тоскала) ва 1.2 (шабакаи обтаъминкунии Чилла) ду иншооти обҷамъшаванда, инчунин қубурҳои обгузар ва шабакаи обгузари дохили шаҳракҳо сохта шуда истодаанд. Ба истифода додани иншоотҳо ва маҷмаъи пурраи обтаъминкунии ин ноҳия охири соли 2021 дар назар аст ва 185 ҳазор нафарро бо оби тоза таъмин менамояд. Тамоми корҳои сохтмониро танҳо ширкатҳои сохтмонии маҳаллӣ анҷом медиҳанд, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботи БУ соли 2020 зимни озмун (тендер) интихоб шудаанд.

Дар айни замон, корҳои тарроҳӣ ва ҷустуҷӯӣ дар маҷмаъаи обтаъминкунии байниноҳиявии Вахш, ки гурӯҳи ноҳияҳои Вахши вилояти Хатлонро фаро мегирад, низ идома доранд, ки дар нақшаи обтаъминкунии ин минтақа, тасдиқ шудааст.