Дар доираи фаъолити тавонмандсозӣ ва бо ҳадафи назорат бурдан аз сохтмон оид ба риояи чораҳои амнияти иҷтимоӣ ва экологии бинокорон, мутахассиси МИЛ оид ба мониторинг ва арзёбӣ оид ба истифодаи Cobo Toolbox (Кобо Тулбокс) барои муҳандисони Лоиҳаи “Обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот” дар ноҳияи Восеъ омӯзиш гузаронд, ки дар он ҷо корҳои сохтмонӣ идома доранд. Cobo Toolbox як барномаи кушод мебошад, ки метавонад дар таҳқиқот ва ҳисоботдиҳӣ кӯмак расонад.
Тибқи иттилои Шаҳло Мамадмуродова, дар соли 2020 мутахассисони МИЛ тӯли се рӯз дар омузише, ки аз ҷониби мушовири Бонки умумиҷаҳонӣ оид ба барномаи Cobo Toolbox гузаронида шуда буд, ширкат варзиданд. Ин барнома ба ҳамаи муҳаққиқон, гузоришдиҳандагон ва дигар кормандону ҷонибҳои манфиатдор имкон медиҳад, ки раванди сохтмонро назорат кунанд ва пешрафти Лоиҳаи “Обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот” – ро саривақт пайгирӣ кунанд. Айни маврид омӯзишро оиди ин барнома ду нафар муҳандисони маҳаллӣ дар ноҳияи Восеъ ба итмом расониданд.
Барномаи Cobo Toolbox ба шумо имкон медиҳад, ки рақамҳо, аксҳо, маълумоти моҳвораиро дар бораи маҳалли ҷойгиршавии майдонҳои сохтмон ҷойгир намуда, дар бораи шаффофияти кор ва ҳисоботҳоятон, маълумотро самаранок ҷамъ кунед. Дар ин марҳила мутахассисони МИЛ Cobo Toolbox -ро барои ҷамъоварии маълумоту санадҳо дар бораи мактабҳо ва марказҳои саломатӣ дар ҳафт ноҳияи озмоишии Лоиҳаи дар вилояти Хатлон, ки дар он ҷо корҳо оид ба иттилоотонии аҳолӣ ва сафарбаркунии иҷтимои аҳолӣ идома доранд, бо муваффақият истифода мебаранд.