Ҷаноби Олтерс бо муовини раиси вилояти Хатлон ҷаноби Мирзозода Низом мулоқот намуда аз иншооти асосии обгир дар ноҳияи Левакант, ки дар доираи Лоиҳаи “Обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот” барқарор мешаванд, дидан намуд. Ҷаноби Олтерс аз иншооти воқеъ дар ноҳияҳои Кушониён ва Дӯстӣ низ ошно шуд, ки онҳо барои маблағгузорӣ дар доираи Лоиҳаи номбурда ва баланд бардоштани дастрасии аҳолии ин ноҳияҳо ба оби нӯшиданӣ, пешниҳод шудаанд.
Сармоягузориҳо дар ин ва дигар иншооти калидии инфраструктураи шабакаи обтаъминкунии байниноҳиявии Вахш барои 170 000 нафар аҳолии 5 ноҳияи вилояти Хатлон, ки шабакаи мазкур барои онҳо манбаи асосии обтаъминкунӣ мебошад, сифати хизматрасониҳои обтаъминкуниро бамаротиб беҳтар мекунад.
Ба туфайли Лоиҳаи “Обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот” тақрибан 400 000 нафар ба оби тозаи нӯшиданӣ дастрасӣ пайдо мекунанд ва тақрибан 100 000 нафар аз сармоягузориҳо дар иншооти санитарӣ ва омӯзишҳои оид ба беҳдошт ва гигиена дар мактабҳо баҳра мебаранд. Иншооти санитарӣ тақрибан дар 200 мактаб ва марказҳои саломатии деҳот бунёд ё барқарор карда мешаванд. Дар доираи лоиҳа чорабиниҳои беруназсинфӣ дар ҳамкорӣ бо ЮНИСЕФ, бо мақсади ҷорӣ намудани таҷрибаҳои муқаммали беҳдошт ва гигиена дар мактабҳо, гузаронида мешаванд.
Ҷаноби Олтерсро дар сафар ба вилояти Хатлон роҳбари Лоиҳа аз тарафи Бонки Умумиҷаҳонӣ Фарзона Муҳиддинова, Директори Маркази идораи Лоиҳа (МИЛ) Ҷамшед Сатторзода, инчунин дигар мутахассисони МИЛ ва намояндагони ширкатҳои маҳаллии сохтмонӣ, ҳамроҳӣ карданд.