ДАРХОСТ БАРОИ ИЗҲОРИ ҲАВАСМАНДӢ ХАРИДОРӢ НАМУДАНИ ТАҶҲИЗОТ ВА ДАСТГОҲИ ИДОРАВӢ БАРОИ АМАЛӢ НАМУДАНИ ЛОИҲАИ ЛОБД-1 (Лоти 1 ва Лоти 2).

ДАРХОСТ БАРОИ ИЗҲОРИ ҲАВАСМАНДӢ

Тоҷикистон

Маркази идораи лоиҳаи рушди инфраструктураи маҳаллӣ (коммуналӣ) дар ҶТ (МИЛРИМ дар ҶТ)

Грант: E 0950-TJ

Вазифа: ХАРИДОРӢ НАМУДАНИ ТАҶҲИЗОТ ВА ДАСТГОҲИ ИДОРАВӢ БАРОИ АМАЛӢ НАМУДАНИ ЛОИҲАИ ЛОБД-1 (Лоти 1 ва Лоти 2).

Рақами истинод: WSIP-G-PMU/О03 (Лот 1 и Лот 2):  

       Лот 1. ХАРИДОРӢ НАМУДАНИ ТАҶҲИЗОТИ ИДОРАВӢ БАРОИ АМАЛӢ НАМУДАНИ ЛОИҲАИ ЛОБД-1.

      Лот 2. ХАРИДОРӢ НАМУДАНИ ДАСТГОҲИ ИДОРАВӢ БАРОИ АМАЛӢ НАМУДАНИ ЛОИҲАИ ЛОБД-1.

Маркази идораи лоиҳаи рушди инфраструктураи маҳаллӣ (коммуналӣ) дар ҶТ барои татбиқи лоиҳаи сармоягузорӣ дар бахши обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар Тоҷикистон (марҳилаи 1) аз Бонки ҷаҳонӣ (Бонк) маблағ дарёфт намуда, ният дорад, қисме аз он маблағро тибқи шартнома барои харид, дастрас ва насби таҷҳизоти идоравӣ Лот 1 ва дастгоҳи идоравӣ Лот 2 истифода барад.

Маркази идораи лоиҳаи рушди инфраструктураи маҳаллӣ (коммуналӣ) дар ҶТ (МИЛРИМ дар ҶТ) иштирокчиёни мувофиқро даъват менамояд, ки ҳавасмандии худро барои харид, дастрас ва насби таҷҳизоти идоравӣ Лот 1 ва дастгоҳи идоравӣ Лот 2 баён кунанд.

Озмун бо истифода аз усули “Дархост барои пешниҳоди нархҳо” (ДПН), ки дар “Қоидаҳои харид барои қарзгирандагони МЛС”-и Бонки Ҷаҳонӣ аз июли соли 2016 дарҷ гардидааст ва сентябри соли 2023 (“Қоидаҳои харид”) бозбинӣ шудааст, гузаронида мешавад ва барои ҳама таъминкунандагони мувофиқ кушода аст, тавре, ки дар Қоидаҳои харид муайян шудааст.

Изҳороти ҳавасмандӣ бояд дар шакли хаттӣ ба суроғаи дар поён овардашуда ё тавассути почтаи электронӣ то 09 августи соли 2024 пешниҳод карда шавад.

Маркази идораи лоиҳаи рушди инфраструктураи маҳаллӣ (коммуналӣ) дар ҶТ (МИЛРИМ дар ҶТ)

Таваҷҷуҳ ба: Саидвализода А. Директор

Душанбе к. Н.Қарабоева 56, бинои КВД ХМК, ошёнаи 4

Почтаи электронӣ: rwssp@midp.tj