Дастрас, насб ва ба истифода додани низоми биллинг барои Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» КВД «ХМК».

Огоҳномаи махсус оиди харид

Пешниҳоди дархостҳо

Системаҳои иттилоотӣ

(Тарҳрезӣ, дастрас ва насб)

(бе талаботи пешакӣ)

ХаридорМуассисаи давлатии «Маркази идораи Лоиҳаи рушди инфраструктураи маҳаллӣ (коммуналӣ) дар ҶТ». (МИЛ РИМ)

Лоиҳа:  Лоиҳаи обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот, Ҷумҳурии Тоҷикистон, (ЛОБД).

Номи шартнома: Дастрас, насб ва ба истифода додани системаи биллинг барои Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» КВД «ХМК».

Мамлакат:  Ҷумҳурии Тоҷикистон

Грант №.:   D 4310-TJ

ПД №:   RWSSP-ICB-G/003

Нашр шуд:   15 апрели соли 2024.

  1. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пардохт намудани хароҷоти Лоиҳаи Обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот (ЛОБД) аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ маблағ дарёфт намуда як қисми он маблағро барои пардохти хизматрасонӣ тибқи шартнома оид ба дастрас, насб ва ба истифода додани низоми биллинг барои Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» «КВД «ХМК» равона менамояд.
  2. Лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» иштирокчиёни ба талабот ҷавобгуро ба озмуни пушида оид ба дастрас, насб ва ба истифода додани системаи биллинг даъват менамояд.
  3. Озмун мутобиқ ба талаботи хариди байналмилалии озмунӣ бо истифода аз пешниҳоди дархостҳо (ПД) сурат мегирад, ки дар “Қоидаҳои харид барои қарзгирандагони МЛС”-и Бонки Ҷаҳонӣ, “Харидорӣ дар доираи маблағгузории лоиҳаҳои сармоягузорӣ” ва “Қоидаҳои харид барои қарзгирандагони МЛС – сентябри 2023” (”Низомнома оид ба харид”) пешбинӣ шудааст ва тавре, ки дар низомнома оид ба харид дарҷ гардидааст, ба ҳамаи довталабоне, ки ба талабот ҷавобгӯ мебошанд, кушода мебошад.
  4. Хоҳишмандони иштирок дар озмун метавонанд тавассути почтаи электронӣ: rwssp@midp.tj аз Маркази идораи лоиҳаҳои обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот (МИЛ РИМ) Саидвализода А., маълумоти бештар гиранд ва бо ҳуҷҷатҳои озмун дар соатҳои корӣ, аз соати 09:00 то соати 17:00 ба нишонии зерин муроҷиат намуда, шинос шаванд.
  5. Хоҳишмандоне, ки ба талаботи иштирок дар озмун ҷавобгӯ мебошанд, пас аз пешниҳоди аризаи хаттӣ ба суроғаи зерин, метавонанд ҳуҷҷатҳои озмунро бо забони англисӣ дастрас намоянд.
  6. Дархостҳо бояд ба суроға на дертар аз соати 15:00 ба вақти маҳаллӣ 24 майи соли 2024 дастрас шаванд. Озмунӣ электронӣ гузаронида намешавад. Аризаҳои дер пешниҳодшуда рад карда мешаванд. Озмун дар ҳузури намояндагони таъиншудаи иштирокчиён ва ҳар касе, ки хоҳиши иштирок карданро дорад, дар суроғаи зерин, соати 15:05 ба вақти маҳаллӣ 24 майи соли 2024 ба таври оммавӣ эълон карда мешавад.

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Шоҳтемур, 27, ошёнаи якӯм, ҳуҷраи 10.

  1. Ҳама дархостҳо бояд бо гаравпулӣ ба маблағи $12,600.00 (ёздаҳ ҳазору панҷсад доллари ИМА) пешниҳод карда шаванд.
  2. Диққат ба Қоидаҳои харид, ки аз Қарзгир талаб менамояд, ки моликияти бенефисиарии иштирокчии озмунро ҳамчун як қисми Огоҳинома дар бораи додани шартнома бо истифода аз варақаи ифшои моликияти бенефисиарӣ, ки дар ҳуҷҷатҳои дархост дохил карда шудаанд, ифшо намояд.
  3. Нишони(ҳо)-и дар боло зикршуда:

Маркази идораи Лоиҳаи обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот (МИЛ РИМ).

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Н Карабоев, 56. ошёнаи 4.

Почтаи электронӣ:  rwssp@midp.tj