Ҷаласаи чоруми Шӯрои Машваратии “Лоиҳаи обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот”

Ҷаласаи чоруми Шӯрои Машваратии “Лоиҳаи обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот”

Дар доираи чорабиниҳои амалисозии “Лоиҳаи обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот” рӯзи 20 декабри соли равон дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон ҷаласаи чоруми Шӯрои машваратии ҷонибҳои манфиатдори Лоиҳа дар сатҳи маҳаллӣ гузаронида шуд. Дар машварат намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, муовини аввали директори генералии КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”, муовини аввали раиси ноҳияи Восеъ, намояндагони мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои ҳадафии Лоиҳа, корхонаҳои обтаъминкунӣ, намояндагони шуъбаи маорифу тандурустӣ, роҳбарият ва кормандони маркази идораи лоиҳаи Рушди инфраструктураи маҳаллӣ (коммуналӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар меҳмонон иштирок доштанд.

Мақсади аз баргузории Шӯрои машваратӣ – ин муаррифӣ намудани фаъолияти Лоиҳа ва пешрафти он, сохтор, механизм ва шарҳи марҳилаҳои кори корхонаҳои обтаъминкунии ноҳияи ҳадафӣ  дар доираи чорабиниҳо буд. Дар машварат инчунин ба таври муфассал талаботҳои асосӣ вобаста ба чораҳои экологӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва сафарбарнамоии ҷомеа дар доираи сиёсати дохилии Бонки Умумиҷаҳонӣ баррасӣ карда шуданд.

Зимни амалисозии нақшаҳои Лоиҳа, соли 2019 Шӯрои машваратӣ таъсис дода шуд, ки аз аъзогии Вазорату идораҳои дахлдор ва дигар ҷонибҳои манфиатдори Лоиҳа иборат буда, он дар сатҳи Миллӣ ва маҳаллӣ фаъолият менамояд. Вазифаи Шӯро ин назорат намудани ҳамаи равандҳои фаъолияти Лоиҳа аз ҷумла: корҳои лоиҳакашӣ, сохтмонӣ, сафарбарнамоии аҳолӣ, экологиву иҷтимоӣ мебошад.