Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон 16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат бар асоси гендериро дар миёни Лоиҳаҳои худ таҷлил кард ва қаҳрамонони гендериро сарфароз намуд. Дар рафти чорабинӣ лоиҳаҳо дар бораи дастовардҳои дастаҷамъона сухан ронданд, дарсҳои омӯхташударо муҳокима карданд ва кӯшишҳо барои пешбурди баробарии гендерӣ ва баланд бардоштани таҷрибаҳое, ки ба тавонмандсозии иқтисодии занон мусоидат мекунанд, эътироф карда шуданд.
Лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот» ҳамчун яке аз беҳтарин лоиҳаҳо, ки барои беҳтар карда
ни зиндагии занон тавассути беҳтар кардани шароити обтаъминкунӣ ва санитарии занони деҳот кор мекунад, дар байни ҳамаи лоиҳаҳои Бонки Ҷаҳонӣ мукофотонида шуд.
То оғози Лоиҳа ва то замони таъмини оби нӯшокӣ аҳолии ноҳияи Восеъ аз оби нӯшокӣ танқисии зиёд мекашиданд. Мувофиқи маълумоти тадқиқотҳои гузаронидашуда, барои кашонидани оби нӯшокӣ мувофиқи хоҳиши хонаводаҳо 80% занҳо, ҷавондухтарон ва кудакон ҷалб карда мешаванд. Ҷавондухтарон ва кӯдакон дар айёми инкишофи ҷисмонӣ бори вазнини обкашониро ба ӯҳда доштанд. Барои овардани оби нӯшоки аз манбаъ то дари хона аз 30 дақиқа ва ҳатто зиёдтар ҳам вақт сарф мегардид, ки ҳамаи ин азобҳо бар сари зан-модар буд. Бо таъмин намудани оби нӯшокӣ ба аҳолии деҳоти ноҳияи Восеъ кори занҳо ба маротибҳо осон гардид.
Зан бунёдгару эҳёсози зиндагӣ аст, ва дар ободиву ободонӣ низ дасти зан боло аст. Дар доираи барномаҳои Лоиҳа низ нақш, иштироки занҳо ва баробарии гендерӣ дар маркази диққат қарор гирифтааст. Барои он, ки дар оила нигоҳдорандаи бехатари об, сарфакорона истифода бурдани он, эҳтиёт кардани чумакҳо ва амсоли ҳамин корҳо бар уҳдаи зан аст. Маҳз барои ҳамин, бештари чорабиниҳои иттилоотии Лоиҳа айнан бо занон гузаронида мешавад ва шумораи зиёди ҷавондухтаронро фаро мегирад.Дар ҳама чорабиниҳои Лоиҳа ба монанди: вохӯрӣ дар сатҳи маҳаллаву хонаводаҳо, кор бо кормандони соҳаи тандурустӣ, бо муассисаҳои таълимӣ, хонандагони мактабҳо ва алалхусус бо ҷавондухтарон занҳо фаро гирифта мешаванд.
Аз оғози татбиқи Лоиҳа то ба имрӯз дар ноҳияи Восеъ:
76 000 нафар зан бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин гардиданд;
43 500 нафар духтарон/толибилмони муассисаҳои таълимӣ ба оби нӯшокӣ дастрасӣ ёфтанд;
1360 нафар духтарони синни 12 то 17 сола дар доираи Лоиҳа омӯзиш гузаштанд.
Ҳамаи ҷидду талошҳои мо барои беҳтар кардани сатҳи зиндагӣ ва шароити обтаъминкунӣ ва беҳдоштии занони деҳот мебошанд!!!