Эълон барои ишғоли ҷойи кори холӣ

Эълон барои ишғоли ҷойи кори холӣ

МИЛРИМ дар ҶТ – Лоиҳаи обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот барои ишғоли ҷойи кори холии зерин озмун эълон мекунад:

Мутахассис оид ба дастгирии харид

Мутахассиси калон оид ба дастгирии харид дар ҳамкорӣ бо сармутахассис оид ба харид ба лоиҳа дар банақшагирӣ, амалӣ ва мониторинги хариди молҳо, корҳо, хизматрасониҳои машваратӣ ва ғайримашваратӣ мутобиқи Қоидаҳои хариди Бонки Ҷаҳонӣ кӯмак мерасонад. (июли 2016, бо ислоҳот дар моҳи ноябри соли 2017 ва августи соли 2018).

Уҳдадориҳои вазифавӣ:

  • Кӯмак ба сармутахассис оид ба харид дар масъалаҳои марбут ба Раёсати хариди лоиҳа;
  • Куммак Ба сармутахассис оид ба харид дар омодасозии ҳуҷҷатҳои зарурии марбут ба омодасозӣ ва татбиқи Лоиҳа дар ҳолати зарурӣ;
  • Кӯмак ба Лоиҳа ва Сармутахассис оид ба харид дар таҳияи бастаҳо барои хариди молҳо, корҳо ва хидматҳои ғайримашваратӣ, ки тибқи нақшаи хариди лоиҳа ва Қоидаҳои хариди Бонки Ҷаҳонӣ анҷом дода мешаванд (июли 2016, бо ислоҳот дар моҳи ноябри соли 2017 ва августи соли 2018);
  • Куммак ба лоиҳа ва сармутахассис оид ба харид дар таҳияи супоришҳои техникӣ оид ба хариди хизматрасониҳои машваратӣ, ки дар Нақшаҳои татбиқ ва хариди лоиҳаи грантӣ пешбинӣ шудаанд, инчунин дастгирӣ дар хариди хизматрасониҳои машваратӣ бо истифода аз усулҳои харид: (i ) Интихоби сифат ва арзиш; (ii) Интихоб аз рӯи буҷети собит; (iii) Интихоби арзиши камтарин; (iv) Интихоб дар асоси тахассуси мушовир; (v) Шартномаи мустақим; ва (vi) Интихоби мушовирони инфиродӣ;
  • Тадқиқоти бозори хизматрасониҳои машваратӣ ва ғайримашваратӣ;
  • Мониторинги иҷрои қарордодҳои машваратӣ/ғайримашваратӣ, ки мониторинги марҳилаҳо, ворид намудани тағйироти саривақтӣ, ҳалли баҳсҳо ва ғайраро дар бораи шартномаҳо бо ширкатҳо ва шахсони воқеӣ дар бар мегирад;
  • Куммак ба Лоиҳа ва Сармутахассис оид ба харид дар таҳияи мушаххасоти техникӣ ва сметаи хароҷот барои хариди молу корҳое, ки дар нақшаҳои татбиқи лоиҳа ва харид пешбинӣ шудаанд;
  • Кӯмак ба лоиҳа ва сармутахассис оид ба харид дар бозсозӣ ва бойгонии ҳуҷҷатҳо;
  • Куммак ба лоиҳа ва сармутахассис оид ба харид дар таҳияи ҳисобот оид ба масъалаҳои хариди Лоиҳаи грантӣ барои пешниҳоди минбаъда ба мақомоти дахлдори назоратӣ: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти гумрук;
  • Бо мутахассисони молиявӣ оид ба масъалаҳои шартнома ҳамкорӣ кардан;
  • Ташкил ва навсозии мунтазами махзани маълумот оид ба таъминкунандагон, пудратчиён ва мушовирони эҳтимолӣ;
  • Назорати баҳисобгирӣ ва нигоҳдории ҳуҷҷатҳои шӯъба;
  • Дигар дастурҳои Директори МИЛРИМ, ки вобаста ба ӯҳдадориҳои вазифавӣ дар доираи Лоиҳаҳои грантии зикршуда ва дигар грантҳои оянда аз ҷониби АБР маблағгузорӣ мешаванд, риоя менамояд.
  1. Талаботи тахассусӣ:
  • Таҳсилоти олӣ дар соҳаи иқтисод, маъмурият ё ба он баробар;
  • Омӯзиш дар соҳаи харид, аз ҷумла расмиёти Бонки Ҷаҳонӣ оид ба хариди молҳо, корҳо ва интихоби машваратчиён;
  • Таҷрибаи на камтар аз 3 сол дар соҳаи харид дар лоиҳаҳое, ки аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ/дигар муассисаҳои молиявии байналмилалӣ маблағгузорӣ мешаванд;
  • Малакаҳои хуби компютерии MS Word, MS Excel;
  • Дониши хуби забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ;
  • Маҳорати баланди кори даставӣ.

 

Ба мусоҳиба танҳо номзадҳое даъват карда мешаванд, ки ба рӯйхат гирифта шудаанд.

Шахсони ҳавасманд бояд то соати 17:00, 7 июли соли 2023 маълумотнома, нусхаи диплом, нусхаи шиноснома ва дигар ҳуҷҷатҳои дахлдорро шахсан ё тавассути почтаи электронӣ пешниҳод намоянд.

Нишонӣ:

ш.Душанбе, к. Н.Қарабоева 56, МИЛРИМ,

Бинои Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», ошёнаи 4.

Тел: 233 88 25; 233 13 30

Почтаи электронӣ: rwssp@midp.tj

Ба таваҷҷӯҳи директори МИЛРИМ А. Саидвализода