Мақсад аз сафари ин даъфаинаи мо ба ноҳия Восеъ ин омода намудани саргузаштҳои бобарор аз ҳаёти занон буд. Меҳмони чанд оила шудам, ки қариб дар ҳамаи онҳо таъминкунандаи об занону духтарон ва наврасон буданд. Вале ман мехостам, ки бо як оилае дар сӯҳбат шавам, ки мардҳо онҷо дар кашонидани об ба занон кӯмак мерасонанд. Боре назди як лӯлаи об дар деҳаи Охчар – и ноҳияи Восеъ марди солореро дидам, ки бо ҷавоне зарфҳои обро пур карда, дар пушти мошини сабукраф мегузоранд. Рӯзи дуюм низ дар назди об боз ҳамон марду ҷавонро мавриди пур кардани зарфҳои об дидем. Ин даъфа бо иҷозаташон онҳоро расм гирифта будем.
Аз ин рӯ ба суроғи онҳо ба деҳаи Охчар раҳсипор шудем ва дар назди ҳамон лӯлаи об, ки дар назди мағозаи деҳа аст, аз чанд нафар он мардро пурсон шудем. Вақте ки гуфтем, ки ӯ бо писараш бо мошин ба хонааш об мекашонанд, ӯро даррав шинохтанд. Ҳама ба як овоз гуфтанд, он кас акаи Нуралӣ мебошанд. Ҳоло дар мағоза ҳаст ва ӯро садо карданд. Акаи Нуралӣ бо чеҳраи хандон назди мо омада саломуалейк кард:
-Тинҷӣ аст, хоҳарам. Ман сокини ҳамин деҳа Нуралӣ Маҳмадалиев мебошам.
Мо низ худро муариффӣ намуда, мақсади омаданамонро ба наздаш гуфтем.
-Э, ҳеҷ гап набудааст, ку. Биёед хона меравем, шумо аввал бо занони хона дар сӯҳбат шавед, баъд ман гап мезанам.
Моро акаи Нуралӣ ба хонааш, ки 1 км зиёдтар аз мағоза дур буд, бурд. Моро дар ҳавлиашон духтарашон Гулҷаҳон Умарова пешвоз гирифтанд. Тибқи пешниҳоди акаи Нуралӣ дар меҳмонхонаи онҳо бо духтараш дар сӯҳбат шудам.
Аз сӯҳбат бо Гулҷаҳон маълум гардид, ки онҳо то ба хонаашон об гузаронидан аз масофаи 1 км об мекашониданд. Падарашон дар ин масъала нисбати ҳамсару духтаронаш хело меҳрубон буд, фориғ аз кор ҳамеша бо ароба худаш ба хона об мекашонид. Албатта кашонидани об аз ҷониби мардҳо дар деҳа хело ангуштшумор аст. Падар ҳатто писаронашро талқин мекард,иҳамеша ба модарашу хоҳаронашон кӯмак расонанд. Албатта дар набудани падараму бародаронам мо низ бо ароба об мекашонидем. Баътар падарам ҳамроҳи бародаронам мошин хариданд, акнун таъминоти об дар оилаи мо хело беҳтар гардид. Яку якбора дар 6 зарфи 20 литра падару бародаронам ба хона об меоварданд. Вақте ки бародаронам оиладор шуданд, онҳо низ ба ҳамсарони худ дар овардани об кӯмак мерасониданд. Дар деҳа зиёданд оилаҳое, ки ароба ва ё мошин доранд, вале аз чӣ сабаб, ки мардон бо онҳо ба хона об намеоранд ва занону духтарон бо ароба ё дастӣ об мекашонанд? Падарам ҳамеша мегӯяд, ки ҷисми мо духтарон хело нозук аст ва мо набояд корҳои вазнинро ба анҷом расонем. Дар оила асосан занон бо об зиёд сару кор доранд. Яъне рӯзи дароз кори мо либосшӯи, табақу косашӯи, хӯрокпазӣ, вале ин маънои онро надорад, ки мо бояд оиларо бо об таъмин кунем,чунки нисфи зиёди об барои онҳо сарф мешавад. Мо барои мардон хӯрок мепазем, либосҳои онҳоро мешӯем, онҳо ҳар рӯз қариб баъди кор оббозӣ мекунанд. Аз ин рӯ падарам мегӯяд, ки мардҳо низ бояд, ки дар кашонидани об ба занҳо кӯмак расонанд.
Ҳоло бошад, дар ҳавлиамон об гузарониданд ва он софу беолоиш аст. Падарам боз дар фикри беҳбудии вазъи зиндагии мо мебошад. Ин тобистон ҳаммому ошхонаро аз нав ҳамроҳи бародарам таъмир карданианд, то онҷо барои таъмини оби гарм асбоби обгармкунӣ насб кунанд. Мо вақте , ки ба шаҳр мерафтем, ҳамеша орзӯ мекардем, ки дар ошхонаю ҳаммомамон оби гарм дошта бошем. Орзӯҳо низ амалӣ мешудаанд. Ман ҳамеша шукргузорӣ мекунам, ки чунин падар ва бародар дорам.
Баъди анҷоми сӯҳбат бо Гулҷаҳон ба ҳавлӣ баромадем. Ӯ ба мо аробаю зарфҳои обкашониашро ва зарфи калонеро, ки оби борон ҷамъ мекарданд нишон дод.
Сипас оҳе кашида:
-Хайрият аз ҳамаи ин халос шудем. Ҳарчанд падару бародарам оби зиёд ба хона мекашониданд, бо вуҷуди ин мо пурра ба тозагӣ риоя карда наметавонистем. Оби равон оби равон аст. Чанд моҳ боз мо таъби дили худ хонаву тари худро тоза мекунем, сару либос мешуем.Раҳмат ба ҳамаи он нафароне, ки ба хонаҳои мо об оварда, кори мо занонро сабук карданд.
Ба сӯҳбати мо акаи Нуралӣ низ ҳамроҳ шуданд:
-Ростӣ вақте, ки чанд нафар мард ба деҳаи мо омада гуфтанд, ки онҳо аз лоиҳаи “Рушди инфраструктураи маҳаллӣ (коммуналӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд ва бо маблағгузории Бонки Ҷаҳонӣ дар деҳаи мо об мегузаронанд, баъзе мардҳо бовар накарданд. Охир мо чандинсолҳо об надоштем, чӣ тавр метавонӣ бовар кунӣ, ки дар ҳавлии ҳар як сокини деҳа об мегузаронанд. Аммо ман бовар мекардам ва мардумро ҷамъ карда, онҳоро барои кандани хандақҳо барои хобонидани қубурҳои хонаашон сафарбар менамудам. Дар ҳақиқат он рӯз фаро расид ва ба хонаи ҳар нафар
сокини деҳа об гузарониданд. Ман пеш аз ҳама барои занону духтарон ва писарбачаҳо хурсанд шудам. Бечораҳо рӯзи дароз корашон обкашонӣ буд. Дар деҳа оилаҳо калон ҳастанд, бо оби кашида занон корҳои хонаводаро ба анҷом мерасонанд. Мо дар деҳа ду се нафар мардҳо ба хона об мекашонидему халос. Ман аз аввал аз рӯи имкон дар вақти бекориам ба хона об мекашонидам, ки кори занони хонаводаамро сабуктар кунам. Ба занҳо бояд ҳамеша кӯмак расонем. Агар онҳо бемор шаванд, бовар кунед мо мардҳо сарҳисобамонро гум мекунем. Ман ҳар гоҳе, ки зарфҳои 20 литраро ба мошин бор мекардам, дилам сих мезад, аз он, ки занону духтарон бо ин зарфҳо дастакӣ об мекашонанд. Баъзе мардҳо аз кашонидани об шарм медоранд ва инро кори занона медонанд. Чӣ тавр ин кори вазнину мушкил занона мешудааст? Шумо дар байни мардҳо сӯҳбатҳо гузаронед, то онҳо низ дар иҷрои баъзе корҳои мушкили хона ба занону духтарони хеш кӯмак расонанд. Мард бояд масъули солимии ҳамсар ва духтараш бошад.
Бале, беҳтарин андешаҳо, гуфтан мумкин, ки суханҳои тиллоӣ, дар ҳақиқат бояд байни мардҳо кор бурдан лозим то мо стреотипи корҳои занонаю мардонаро шиканем.Дар ҳама корҳо дар хонавода ва ҷомеъа занону мардҳо бояд баробарҳуқуқ бошанд.