Наврӯзи оламафрӯз муборак! Posted on 17.03.202317.03.2023 by adminrwssp Наврӯзи оламафрӯз муборак! Атлас ба бари баҳор, Наврӯз омад, Шабнамзада лолазор, Наврӯз омад. Бо пираҳани сабзу пур аз атри суман, Бо домани гулнигор Наврӯз омад. Бо арзи эҳтироми беандоза Шуморо ба муносибати фарорасии иди баҳор – Наврӯзи оламафрӯз табрику таҳният гуфта, ба Шумо тамомми хушиҳои зиндагиро таманно дорем! Басо рамзист, ки имсол низ Наврӯзи оламафрӯз бо ҳама рангорангиву рӯҳи зиндагисозаш ва пайку муждаҳои баҳорӣ фаро расида, чун сароғози ҳаёти нав ва амалӣ шудани ормонҳои наҷиб ҳар яки моро барои расидан ба ҳадафу ниятҳои некамон ҳидоят менамояд. Бигзор, Наврӯзи бостонӣ ва баҳори нозанин барои мардуми Тоҷикистони азиз фаровониву ободӣ, шодиву нишот ва дастовардҳои беназир оварад. Ҷашни байналмилалии Наврӯзи ҷаҳонафрӯз муборак!