Бонки Умумиҷаҳонӣ баҳри амалӣ намудани Лоиҳаи “Обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот” 58 млн доллари ИМА ҷудо намудааст. Дар амалӣ гаштани ин лоиҳа саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, низ ба маблағи 1 млн доллари ИМА ба нақша гирифта шудааст. Тибқи нақша татбиқи Лоиҳаи мазкур аз 22 ноябри соли 2019 оғоз гардида, ва мӯҳлати анҷомёбии он ба 30 июни соли 2025 рост меояд. Мақсади асосии Лоиҳа беҳтар намудани вазъи воқеӣ дар соҳаи обтаъминкунӣ ва беҳдоштию санитарӣ дар деҳот мебошад. Татбиқи Лоиҳа дар ноҳияҳои Вахш, Кӯшониён, Ҷ Балхӣ, Леваканд, Дӯстӣ, Ҷайҳун ва Восеи вилояти Хатлон дар назар гирифта шудааст. Лоиҳаи мазкур аз 3 Компонент иборат мебошад:
Компоненти 1 – сохтмон ва барқарорсозии иншооти соҳаи обтаъминкунӣ ва беҳдошту санитариро дар бар мегирад.
Компоненти 2 – ба баланд бардоштани иқтидори корхонаҳои обтаъминкунӣ нигаронида шудааст.
Компоненти 3 – ба идоракунии Лоиҳа ва дастгирӣ дар амалишавии он пешбинӣ гардидааст.
Дар доираи Компонентҳои мазкур Лоиҳа як қатор корҳои сохтмонию барқарорсозӣ, мушовириву лоиҳакашӣ ва инчунин харидори намудани молу маҳсулотро ба анҷом расонидааст. Аз аввали татбиқи Лоиҳа ба ҳолати 31 декабри соли 2022 ба маблағи 21 млн 446,3 ҳазор доллари ИМА маблағҳо аз худ карда шудаанд, ки ин ба 109,7 %-и нақшаи пешбинишуда баробар мебошад.
Инчунин дар доираи Барномаи сармоягузорӣ дар бахши обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар Тоҷикистон бо маблағгузории Бонки Умумиҷаҳонӣ дар марҳилаи аввал ноҳияҳои Ҷ. Балхӣ ва Дӯстии вилояти Хатлон шомил гардидаанд. Тибқи нақшаҳои пешакӣ барои дар амал татбиқ гардидани Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Бонки Умумиҷаҳонӣ ҷудо намудани 45 млн доллари ИМА (грант) ба нақша гирифта шудааст. Оғози татбиқи Лоиҳа моҳи октябри соли 2022 ва санаи анҷомёбии он дар моҳи ноябри соли 2027 ба нақша гирифта шудааст.